КМИР мандати вакилиро ба намояндаи навбатии ҲХДТ супурд

Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ ваколатҳои депутатии Ҳаёт Одинаев ба намояндаи дигари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, сардори бахши тарбияи ватандӯстии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳуумати ҶТ Абдураҳмон Хонов супурда шуд. Ваколатҳои Ҳ.Одинаев ҳамчун депутат пас аз таъини ӯ ба мансаби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қатъ карда шуданд. Тавре ба […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ ваколатҳои депутатии Ҳаёт Одинаев ба намояндаи дигари Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, сардори бахши тарбияи ватандӯстии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳуумати ҶТ Абдураҳмон Хонов супурда шуд. Ваколатҳои Ҳ.Одинаев ҳамчун депутат пас аз таъини ӯ ба мансаби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қатъ карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ хабар доданд, Ҳ.Одинаев аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда буд ва пас аз қатъи ваколатҳои депутатии ӯ, бидуни баргузории интихоботи нав мандати депутатӣ ба шахсе дода мешавад, ки дар рӯйхати ҳизбӣ баъди ӯ қарор дорад.

Ҳ.Одинаев чорумин вакили парлумони аз ҲХДТ аст, ки бинобар сабаби ба вазифаи давлатӣ таъин шудан, курсии вакилиро озод менамояд. Соли гузашта парлумонро бо ҳамин сабаб се аъзои ҲХДТ – Ҳусейн Алиев, Ҷумъабой Сангинов ва Талбак Салимов тарк карданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, феълан дар сафҳои худ 150 ҳазор нафар тоҷикистониёнро муттаҳид менамояд. Раиси ҳизби мазкур сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.