ҲНИТ аз ҳисоби бонувони фаъол ба интихобот нозирон омода мекунад

Дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раиси шӯъбаи интихоботи ҲНИТ, Раҳматуллоҳи Раҷаб бо 15 нафар бонувон, ки масъулияти ҳизбиро дар бахшҳои гуногуни ҲНИТ- и навоҳии тобеъи марказ ба дӯш доранд, дар мавзӯъҳои «Умури иттилоотӣ ва таҳлилӣ ҳангоми омодагиҳо ба интихобот» ва «Интихоб ва омодасозии номзадҳо ба маҷлисҳо» дарс баргузор кард. Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ […]

ASIA-Plus


Дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раиси шӯъбаи интихоботи ҲНИТ, Раҳматуллоҳи Раҷаб бо 15 нафар бонувон, ки масъулияти ҳизбиро дар бахшҳои гуногуни ҲНИТ- и навоҳии тобеъи марказ ба дӯш доранд, дар мавзӯъҳои «Умури иттилоотӣ ва таҳлилӣ ҳангоми омодагиҳо ба интихобот» ва «Интихоб ва омодасозии номзадҳо ба маҷлисҳо» дарс баргузор кард.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, Раҳматуллоҳи Раҷаб аз дастури интихоботӣ дар мавзӯи аъзову нозирони участкаҳои интихоботӣ ва номзадҳои эҳтимолӣ, шахсони боэътимоди онҳо суханронӣ намуд. Бонувон пешниҳод карданд, ки чунин омӯзишҳо ҳадди ақал моҳе як бор гузаронида шаванд ба тамоми масъулини ҳизб хоҳад буд.

«Ҳадаф аз доир намудани чунин чорабинӣ омодасозии нозирони ҳизб ба интихобот ҳам ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҳам палатаи поёнии парлумони кишвар аст ва ҲНИТ ният дорад, ки барои ҷонибдорони худ чунин дарсҳоро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ баргузор намояд», – гуфтанд дар қароргоҳи ҳизб.

Қобили зикраст, ки Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ зимни вохурӣ бо Шӯъбаи интихоботии ҲНИТ, ки рузи 10- уми январи 2012 дар қароргоҳи марказии ин ҳизб доир гардида буд, ин шӯъбаро муҳим ва калидӣ арзёбӣ карда гуфт: «Шӯъбаи интихобот дар ҳама вақт сарфи назар аз будан ё набудани маъракаҳои интихоботӣ шӯъбаи калидӣ буд ва калидӣ мемонад».

Ёдрас мекунем, ки пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ натоиҷи онро ғайривоқеиву қалбакӣ унвон карда, изҳор дошта буд, ки ҲНИТ дарҳол ба интихоботи минбаъда ба палатаи поёнии парлумони кишвар омодагиро оғоз мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.