Раёсати маориф: Ивази директорони макотиби пойтахт стихиявӣ нахоҳад буд

Иваз кардани директорони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, ки дар ин вазифа беш аз панҷ сол кор кардаанд, ба таври стихиявӣ сурат нахоҳад гирифт. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева дар робита ба ин масъала изхор кард, ки барои ба иҷро расонидани қарори марбутаи раиси пойтахт дар ин бора […]

Аваз Юлдошев


Иваз кардани директорони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, ки дар ин вазифа беш аз панҷ сол кор кардаанд, ба таври стихиявӣ сурат нахоҳад гирифт.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева дар робита ба ин масъала изхор кард, ки барои ба иҷро расонидани қарори марбутаи раиси пойтахт дар ин бора дар Раёсати маорифи ҳукумати шаҳри Душанбе комиссияи махсус таъсис дода шуд.

Ба гуфтаи вай, зимни ивази директорони мактабҳо, пеш аз ҳама дастовардҳои муассисаи таълимӣ дар олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ ва ҳамчунин ҷой доштани ҳодисаҳои қонуншиканӣ аз ҷониби толибилмони мактаб ба эътибор гирифта мешаванд. «Ивази директорони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, ки муддати тӯлонӣ дар ин мансаб ифои вазифа мекунанд, ҳамчунин ба пешгирии коррупсия дар муассисаҳои таълимӣ равона шудааст», – гуфт ӯ.

Дар робита ба додани шаҳодатномаҳо (аттестатҳо)-и қалбакӣ дар бораи гирифтани маълумоти миёна аз ҷониби директорони мактабҳои шаҳри Душанбе, ки ба ин амал сарвари давлат дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ҳукумат ишора кард, Бобоева иброз дошт, ки кормандони мақомоти прокуратура чунин далелҳоро дар мактабҳои № 4, 11, 27, 52 ва 97-и пойтахт ошкор кардаанд.

«Аз рӯйи ин далелҳо ҳам аз ҷониби мақомоти судӣ ва ҳам аз ҷониби Раёсати маорифи пойтахт чораҳои зарурӣ андешида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд», – таъкид сохт Бобоева.

Дар посух ба саволи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар бораи салоҳияти раиси шаҳр оид ба қабули қарор дар хусуси иваз кардани директорони мактаб, Бобоева гуфт, қарори раиси шаҳр комилан қонунӣ аст, зеро макотиби таҳсилоти умумии пойтахт дар тобеияти ҳудуди қаламравии ҳукуматдорони шаҳр қарор доранд.

«Ғайр аз ин, мебояд ба эътибор гирифт, ки фаъолияти мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт асосан аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ таъмин карда мешаванд. Маъмурияти шаҳр барои сохтмон ва аз таъмир баровардани мактабҳо маблағҳои зиёд ҷудо мекунад, – таъкид кард номбурда.

Г.Бобоева афзуд, айни замон дар шаҳри Душанбе 140 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.