Раиси ноҳияи Шаҳритӯс хешовандонашро аз мансаб сабукдӯш кард

Раиси ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон Ҷумъахон Сафаров хешу ақрабои худро, ки дар мансабҳои гуногуни мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ифои вазифа доштанд, аз мансаб сабукдӯш кард. Ба гуфтаи Сафаров, чор нафар хешовандони ӯ аз вазифа озод карда шуданд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсан раиси ноҳияи Шаҳритӯсро мавриди интиқод қарор дод, ки […]

Сайраҳмон Назриев


Раиси ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон Ҷумъахон Сафаров хешу ақрабои худро, ки дар мансабҳои гуногуни мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ифои вазифа доштанд, аз мансаб сабукдӯш кард.

Ба гуфтаи Сафаров, чор нафар хешовандони ӯ аз вазифа озод карда шуданд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсан раиси ноҳияи Шаҳритӯсро мавриди интиқод қарор дод, ки пас аз ин чунин иқдомот сурат гирифт.

«Бале, интиқоди сарвари давлат нисбат ба ман саривақтӣ буд ва ман ба баъзе камбудиҳо роҳ додам. Акнун ба бартараф намудани он оғоз кардам», – гуфт ӯ.

Номбурда дар идома гуфт: «Ҳар кас метавонад ба чунин камбудӣ роҳ диҳад. Президент саривақт маро огоҳ кард ва ман иштибоҳи худро фаҳмидам. Минбаъд кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки ба чунин камбуду норасоиҳо роҳ надиҳам».

Ёдрас мекунем, ки ар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ҳукумати кишвар дар соли 2011 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти раиси ноҳияи Шаҳритӯс Ҷумъахон Сафаров мавриди интиқоди шадид қарор дода, ба ӯ барои ислоҳи камбуду норасоиҳо 6 моҳ муҳлат дод.

Қобили зикр аст, ки ба мубориза бо непотизм ё худ хешутаборбозӣ дар Тоҷикистон вазири тозатаъини корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ҳусни оғоз бахшид. Ӯ писари худ Дилшод Раҳимов ва бародараш Раҳмонқул Раҳимовро аз вазифаҳояшон барканор кард. Дилшод Раҳимов корманди шӯъбаи фаврии ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур буда, Раҳмонқул Раҳимов дар вазифаи сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд фаъолият менамуд.

Тибқи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар бораи мубориза бо коррупсия, дар як муассисаву корхона кор кардани пайвандони наздик, ки дар итоати якдигар бошанд, мамнӯъ аст. Тибқи ин қонун, зану шавҳар, фарзандон, падару модар, бародарону хоҳарон ва қудоҳо хешовандони наздик ҳисоб шуда ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои коррупсионӣ ҳуқуқи дар як идора кор карданро надоранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.