Ифтитоҳи Коллегияи адвокатҳои мустақили Душанбе дар шаҳри Маскав

Чанде қабл вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев Сафиалло бо Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе бо сардории Зокиров Фахриддин баргузор гардид. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар мулоқот оид ба таъсис додани гурӯҳи адвокатҳо барои кушодани дафтари махсус оид ба расондани кӯмаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев Сафиалло бо Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе бо сардории Зокиров Фахриддин баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар мулоқот оид ба таъсис додани гурӯҳи адвокатҳо барои кушодани дафтари махсус оид ба расондани кӯмаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолият доранд баррасӣ гардид.

Мақсади таъсис додани гурӯҳи адвокатҳо, ки иборат аз 5 нафар аст, ба таври расмӣ расондани кӯмакҳои баландихтисоси ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки гурӯҳи адвокатҳо фаъолияти худро рӯзҳои наздик дар назди Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Россия пас аз анҷоми расмиёти хуҷҷатгузорӣ ва бақайдгирӣ, тибқи қонунгузории Федератсияи Россия оғоз хоҳанд намуд.

 Зикр кардан ба маврид аст, ки дар вохӯрии мазкур, Роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Одинаев иштирок дошт.

 Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Коллегияи адвокатҳои мустақилли шаҳри Душанбе ба нақша гирифтаанд, ки дар оянда дафтарҳои худро барои расондани кӯмаки ҳуқуқӣ дар тамоми субъекту ҳавзаҳои федералии Россия таъсис диҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.