Тоҷикистон ҳарчи зудтар ба СҶС ворид шуданист

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бар ин назар аст, ки агар Тоҷикистон ҳарчи зудтар қонунгузории худро ба талаботи Созмони ҷаҳонии савдо мутобиқ кунад, ҳамон қадар тезтар ӯро ба ин созмон қабул хоҳанд кард. «Ҳамааш ба худи мо вобаста аст. Агар мо ҳарчи зудтар ислоҳотҳоро амалӣ созем, моро ҳамон қадар тезтар ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бар ин назар аст, ки агар Тоҷикистон ҳарчи зудтар қонунгузории худро ба талаботи Созмони ҷаҳонии савдо мутобиқ кунад, ҳамон қадар тезтар ӯро ба ин созмон қабул хоҳанд кард.

«Ҳамааш ба худи мо вобаста аст. Агар мо ҳарчи зудтар ислоҳотҳоро амалӣ созем, моро ҳамон қадар тезтар ба ин узвияти ин созмон хоҳанд пазируфт», – гуфт Назриев зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, тайи ду соли ахир Тоҷикистон бобати узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо фаъолона гуфтушунид дорад.

«Дар ин самт гуфтушунидҳои дуҷонибаву бисёрҷониба дар маҷмӯъ бо 32 кишвари ҷаҳон идома доранд, – зикр кард вай. – Аз ҷумла, бо 15 кишвари дунё гуфтушунидҳои дуҷониба идома дошта, алҳол танҳо бо ду кишвар – Чину Ҳиндустон протокол ба имзо расид».

Назриев таъкид кард, ки гуфтушунидҳо бо ИМА ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ин масъала дар арафаи анҷомёбианд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.