Даъвати вазири давлатии корҳои хориҷии Араистони Саудӣ ба Душанбе

Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Низор бин Убайд Маданӣ мулоқот кард.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ҳамкорӣ, табодули назар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Низор бин Убайд Маданӣ мулоқот кард.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ҳамкорӣ, табодули назар карданд.

Мусоҳибон аз кори омодагӣ ва ҳамоҳангсозии як қатор созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин перомуни манзури онҳо ба расмиёти имзогузорӣ дар шакли муносиб ҳавасмандӣ иброз карданд.

Ҳамчунин, дар мулоқот рӯйдодҳои дар олами араб баамаломада ва дурнамои ҳалли мусолиҳатомези низоъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд. Дар ин робита, ҷонибҳо аҳамияти талошҳои ба бозсозии иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон нигаронидашударо қайд сохтанд. Нақши бузурги кишварҳои ҳамсоя ва дӯст дар ин масъала махсус таъкид карда шуд. Дар ин росто, Вазири давлатӣ аҳамияти Панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V)-ро, ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, тазаккур дода, барои даъвати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар кори он арзи сипос гуфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.