Мусодираи як миқдор героин дар ноҳияи Рӯдакӣ

Date:


Чанде қабл кормандони Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Вазорати умури дохилии ҶТ як миқдор маводи мухаддирро кашф ва мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни баргузор намудани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони даст доштан дар мумилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Тоҷикистон И.У. боздошт шудааст. «Ҳангоми кофтукови шахсии ӯ 2 кило маводи мухадири сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира гардид», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, минбаъд зимни кофтукови манзили зисти боздоштшуда боз ҳудуди 2 килои дигар героин дарёфт ва мусодира шудааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Соли равон кормандони тамоми воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 110 кило маводи мухаддир мусодира карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...