Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ветнам

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ле Ман Луан мулоқот кард. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар иқтисод ва тиҷорат, энергетика, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маҳсулоти саноати нассоҷӣ, рушди соҳаи […]

ASIA-Plus


Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ле Ман Луан мулоқот кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар иқтисод ва тиҷорат, энергетика, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маҳсулоти саноати нассоҷӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, инфрасохтор, туризм, ташкили бизнес-форумҳо ва мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаи илму техника мавриди баррасӣ қарор гиританд.

Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок баён доштанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 8 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам дар соҳаҳои коркарди пилла ва истеҳсоли нахи абрешим амал мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.