ИМА ба Тоҷикистон ба маблағи 2 млн. $ дорувории инсулин тақдим кард

Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон  хонум Сера Пенҳюн  дар маросими такдими  ёрии башардустона, ки  бо арзиши зиёда аз 2 миллион доллар аз тарафи ширкати Амрикоии Ели Лилли (Eli Lilly) хайрия шуда аз ҷониби Департаменти Давлатии ИМА ва лоиҳаи ҲОУП барои мардуми Тоҷикистон дастрас гардидааст, ширкат варзид. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар […]

ASIA-Plus


Кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон  хонум Сера Пенҳюн  дар маросими такдими  ёрии башардустона, ки  бо арзиши зиёда аз 2 миллион доллар аз тарафи ширкати Амрикоии Ели Лилли (Eli Lilly) хайрия шуда аз ҷониби Департаменти Давлатии ИМА ва лоиҳаи ҲОУП барои мардуми Тоҷикистон дастрас гардидааст, ширкат варзид.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маросим дар маркази эндокринологии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ин хайрия, ки аз 26 800 шишачаи инсулин иборат аст, ройгон ба мардуми Тоҷикистон тақдим карда мешавад. Лоиҳаи ҲОУП ва Вазорати тандурустии Ҷумхурии Точикистон ин лавозимоти тиббиро ба дигар марказҳои эндокринологӣ дар сар то сари Точикистон таҳвил менамояд.

Лоиҳаи ҲОУП ба Тоҷикистон маводу таҷҳизоти тиббиро ба маблағи умумии 302 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва ёрии башардӯстона ҷихати кӯмак ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон маблағи беш аз 984 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.