Адвокатҳои оилаи Исмон Бобоев ба Суди конститутсионӣ дархост фиристоданд

Адвокатҳои оилаи Исмон Бобоев, ки ду сол қабл зимни бозпурсӣ дар Раёсати минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд ба ҳалокат расид, ба Суди конститутсионии Тоҷикистон дархост ирсол намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳо Сергей Романов хабар дод, то ҳанӯз ба намояндаи ҷониби ҷабрдида, падари марҳум Ҷӯрабой Бобоев имкон дода нашудааст, ки дар […]

Наргис Ҳамробоева


Адвокатҳои оилаи Исмон Бобоев, ки ду сол қабл зимни бозпурсӣ дар Раёсати минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд ба ҳалокат расид, ба Суди конститутсионии Тоҷикистон дархост ирсол намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳо Сергей Романов хабар дод, то ҳанӯз ба намояндаи ҷониби ҷабрдида, падари марҳум Ҷӯрабой Бобоев имкон дода нашудааст, ки дар ҷараёни тафтишот иштирок кунад ва бо маводи парванда шинос шавад. «Ба ин ҳолат мавҷудияти меъёри қонунгузорӣ, ки то анҷоми тафтишоти пешакӣ ба ҷабрдида ё намояндаи он шинос шудан бо маводи парвандаро манъ месозад, асос шудааст», – гуфт вай.

Адвокатҳои оилаи Исмон Бобоев ҳамчунин дархост мекунанд, ки аз рӯйи ин ҳодиса истеҳсолоти конститутсионӣ низ татбиқ карда шавад.

Ба гуфтаи Романов, ба падари ҳалокшуда ва адвокатҳо дар муддти ду сол имкон дода нашудааст, ки маводи парвандаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

«Ба ҷуз дархости мазкур, мо чандин маротиба ба Прокуратураи генералӣ бо талаби бекор кардани қарор дар бораи боздошти баррасии парванда ва идомаи амалии тафтишоти он бо қабули қарори қонунӣ аз рӯйи парвандаи ҷиноии мазкур муроҷиат кардем. Аммо то ҳанӯз қарори мазкур бекор нагардида, ба ҷониби ҷабрдида дар бораи вазъи саломатии гумонбаршудагон, ки бояд ба барқарор шудани тафтишот асос гардад, ҳеҷ маълумоте пешниҳод нашудааст», – мегӯяд адвокат.

Исмон Бобоев рӯзи 19-уми феврали соли 2010 аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷинояткории созмонёфтаи вилояти Суғд Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров боздошт шуда, ба бинои раёсат оварда мешавад ва зимни бозпурсӣ ба ҳалокат мерасад. Хешовандони марҳум мегӯянд, ӯ бар асари шиканҷа ва истифодаи усулҳои ғайриқонунии бозпурсӣ ба ҳалокат расидааст.

Дар таърихи 25-уми марти соли 2010 дар прокуратураи вилояти Суғд оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ки кормандони дар боло зикршудаи раёсат гумонбаршудагони асосӣ дар он мебошанд. Аммо 25-уми июни соли 2010 бинобар сабаби бемории гумонбаршудагон баррасии парвандаи мазкур боздошта шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.