Лоиҳаҳои рушди Қубодиён ба 64 млн. сомонӣ маблағгузорӣ ниёз доранд

Дар доираи барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2011-2015 иншоотҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ сохта мешаванд. Бино ба гуфти раиси ноҳияи номбурда Саъдулло Бекназаров, барнома дар чанд самт аз ҷумла иҷтимоиёт, фарҳанг ва иқтисодиёт равона шуда, маблағи уммии барнома 126 млн. сомониро ташкил медиҳад. С.Бекназаров зикр кард, ки аз лоиҳаҳои барнома як қисмаш ба […]

Сайраҳмон Назриев



Дар доираи барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2011-2015 иншоотҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ сохта мешаванд.

Бино ба гуфти раиси ноҳияи номбурда Саъдулло Бекназаров, барнома дар чанд самт аз ҷумла иҷтимоиёт, фарҳанг ва иқтисодиёт равона шуда, маблағи уммии барнома 126 млн. сомониро ташкил медиҳад.

С.Бекназаров зикр кард, ки аз лоиҳаҳои барнома як қисмаш ба маблағи беш аз 64 млн. сомонӣ,  аз ҷумла дар самти маориф, тандурустӣ, варзиш ва фарҳанг  ба маблағи 12 млн., зербино аз қабили кашидани хатти оби нӯшокӣ ва хатти барқ барои маҳалаҳои навбунёд ва таъмири 70 км роҳҳи мошингард – 44 млн, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ – 1,3 млн. ва сохтмон корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 7 млн. сомонӣ сармоягузорӣ  ниёз дорад.

«Роҳбарияти ноҳия баҳри ҷалби соҳибкорону маблағгузорони дохиливу хориҷӣ тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодааст, то ки ин барнома то соли 2015 ба пурраги амалӣ шавад» – афзуд раиси ноҳия. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.