Интиқоли ду ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз Маскав

Ду ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳри Одинсовои вилояти Маскав тавассути ҳавопаймо ба Душанбе оварда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав хабар доданд, рӯзи 2-юми феврал ҷасади сокини шаҳри Кӯлоб Самариддини Бобохони 19-сола, ки бар асари беморӣ дар беморхонаи шаҳри Одинсово фавтидааст, ба шаҳри Душанбе оварда шуд. «Ҷасади сокини 45-солаи […]

Аваз Юлдошев


Ду ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳри Одинсовои вилояти Маскав тавассути ҳавопаймо ба Душанбе оварда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав хабар доданд, рӯзи 2-юми феврал ҷасади сокини шаҳри Кӯлоб Самариддини Бобохони 19-сола, ки бар асари беморӣ дар беморхонаи шаҳри Одинсово фавтидааст, ба шаҳри Душанбе оварда шуд.

«Ҷасади сокини 45-солаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Тоҳир Каримов, ки дар як ҷанҷолу занозанӣ кушта шуд, рӯзи 3-юми феврал ба ватан фиристода шуд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи мари Т.Каримов бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Одинсово мулоқот карда, огаҳ шудаанд, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷииноӣ боз шудааст.

«Ба гумони даст доштан дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон сокини шаҳри Одинсово Юрий Пронченков ба ҳабс гирифта шудааст. Тибқи фарзияи тафтишот, куштор бар асари нофаҳмӣ миёни онҳо ба вуқӯъ пайвастааст», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.