Нигаронии Страсбург аз дуздии арзкунандагон аз Русия ба Тоҷикистон

Страсбург нисбат ба дуздии арзкунандагон аз Русия ба Тоҷикистон, ки истирдоашонро манъ кардааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ кард. Ҳафтаи гузашта, 25-уми январ, Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ба Ваколатдори Русия дар назди Суди Аврупо Георгий Матюшкин мактубе ирсол кард, ки дар он нисбат ба ҳодисаҳои аз Русия бедарак шудани арзкунандагоне, ки кишварҳои хориҷӣ истирдодашонро талаб […]

Наргис Ҳамробоева


Страсбург нисбат ба дуздии арзкунандагон аз Русия ба Тоҷикистон, ки истирдоашонро манъ кардааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ кард.

Ҳафтаи гузашта, 25-уми январ, Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ба Ваколатдори Русия дар назди Суди Аврупо Георгий Матюшкин мактубе ирсол кард, ки дар он нисбат ба ҳодисаҳои аз Русия бедарак шудани арзкунандагоне, ки кишварҳои хориҷӣ истирдодашонро талаб мекунанд, изҳори нигаронии ҷиддӣ карда шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Елена Рябинина, роҳбари барномаи русиягии «Ҳуқуқ ба паноҳгоҳ»-и Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон, ки ба гурезагон аз минтақаи Осиёи Марказӣ кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, хабар дод.

Раиси Суди Аврупо аз ҳодисае изҳори нигаронӣ кардааст, ки Муродҷон Абдулҳақов, Сӯҳроб Қозиев, Савриддин Ҷӯраев ва Рустам Зоҳидови бедаракшуда, ки истирдоди онҳо мувофиқи қоидаи 39-и регламенти суд боздошта шуда буд, аз ҷониби шахсони номаълум ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бурда шудаанд.

«Тавзеҳоте, ки айни замон аз ҷониби ҳукуматдорони Русия пешниҳод шуданд, чӣ гуна бидуни хоҳиши онҳо тавассути марзи давлатии Русия гузарониданашонро шарҳ дода наметавонанд. Ва ин ҳам сарфи назар аз он, ки ҳукумат итминон дода буд, ки қарор дар бораи истирдоди онҳо то баррасии парвандаи онҳо дар суд, ба иҷро расонида намешаванд», – омадааст дар нома.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.