Ифшои номи аъзои гурӯҳи қочоқбарони дар ҷануби ҷумҳурӣ боздоштшуда

Номи аъзои гурӯҳи қочоқбарони маводи нашъаовар, ки дар таърихи 10-уми январи соли равон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шуда буданд, ифшо гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни амалиёти махсус Маҳмадулло Маҷидов, мулаққаб ба «Меҳрубон», писари генерал-майори милиса, сардори воҳиди махсуси […]

ASIA-Plus


Номи аъзои гурӯҳи қочоқбарони маводи нашъаовар, ки дар таърихи 10-уми январи соли равон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шуда буданд, ифшо гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни амалиёти махсус Маҳмадулло Маҷидов, мулаққаб ба «Меҳрубон», писари генерал-майори милиса, сардори воҳиди махсуси БДА-и ҷумҳурӣ Ҳабибулло Маҷидов, писари ронандаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Хуршед Раҳимов ва сержанти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Зиёвуддин Шарифов боздошт шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, ба чаҳор нафари боқимондаи аъзои гурӯҳ муяссар шудааст, ки аз ҷойи содир намудани ҷиноят паноҳ баранд ва яке аз онҳо Нурулло Одинаев, писари генерал-майори мустаъфӣ Ҳикматулло Одинаев аст. Онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов маълумот дар хусуси боздошти Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Фаридун Умаровро расман тасдиқ кард. Ф.Саидов гуфт, Фаридун Умаров ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи Ф.Саидов, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШКД-и ноҳияи Фархор Фаридун Умаров ба ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ҳафтаи гузашта ба фаъолияташон дар ин ноҳия хотима бахшида шуд, шомил буд. Ба ҳайати гурӯҳ ҳамчунин дигар афсарони баландрутбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони қаторӣ низ шомиланд.

Фаттоҳ Саидов таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб бидуни пуштибонии мансабдорони воломақом амал намекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.