Боздошти сардори шӯъбаи мубориза бо мухаддироти ноҳияи Фирдавсӣ

Сардори шӯъбаи мубориза бо маводи нашъаовари шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ капитани милиса Илҳомҷон Файзов рӯзи 1-уми феврал аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷумҳурӣ боздошт шуд. Боз 3 нафари кормандони шӯъба мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. И.Файзов ба ришваситонӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гунаҳкор дониста мешавад. Номбурда нимашаби […]

Олга Тутубалина


Сардори шӯъбаи мубориза бо маводи нашъаовари шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ капитани милиса Илҳомҷон Файзов рӯзи 1-уми феврал аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷумҳурӣ боздошт шуд. Боз 3 нафари кормандони шӯъба мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

И.Файзов ба ришваситонӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гунаҳкор дониста мешавад. Номбурда нимашаби рӯзи 30-юми январ дар километри 9-уми пойтахт ҳамроҳи кормандони худ шаҳрванд А.А.-ро барои харидани ҳудуди 1 ҳазор дона ҳаб (таблетка)-и экстази боздошт мекунанд. Ба фурӯшандаи ҳаб муяссар мешавад, ки паноҳ барад. Гуфта мешавад, барои харидории маводи нашъаовар маҳз худи кормандони шӯъба ба А.А. 8,5 ҳазор доллари ИМА маблағ додаанд.

Чун боздошти фуруӯшандаи мавод муясарашон намегардад, онҳо аз А.А. пора талаб мекунанд.

Онҳо як дӯсти А.А.-ро, ки бо занги телефонии ӯ ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешавад, низ боздошт намуда, аз падари ӯ дар ҳаҷми 5 ҳазору 950 доллари ИМА пора мегиранд ва сипас ӯро озод мекунанд. Аз хоҳар ва хешовандони А.А. онҳо дар ҳаҷми 14 ҳазор доллари ИМА пора гирифта, ӯро ҷавоб медиҳанд.

А.А. пас аз озод шудан ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия омада, дар аризаи худ ба таври муфассал дар дар бораи ҳодисаи рухдода маълумот медиҳад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки нисбат ба аъмоли ғайриқонунии И.Файзов ба агентӣ боз як аризаи дигар ворид шудааст. И.Файзов ҳамроҳи кормандони худ зимни фурӯши 7 грамм тило дар бозори «Султони Кабир» шаҳрванд С.-ро дастгир намуда, ба ивази гирифтани пора ба маблағи 7 ҳазор доллари ИМА ӯро озод мекунанд.

Нисбат ба И.Файзов ва чанде аз кормандони шӯъбаи мубориза бо маводи нашъаовари ШКД-и ноҳияи Фиравсии пойтахт мутобиқи моддаҳои 319, қ. 4 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 314 қ. 1 Гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.