Дар Украина китоби «Климко» бо забони тоҷикӣ муаррифӣ шуд

Бо ташаббуси Иттифоқи миллии нависандагони Украина ва ҳамкории бевоситаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Шӯрои диаспораи тоҷикони Украина дар толори бошукӯҳи Иттифоқи миллии нависандагони кишвари иқомат рӯнамоии китоб бо номи “Климко” баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, китоби мазкур аз забони украинӣ ба забони тоҷикӣ бо қалами нависандаи […]

ASIA-Plus


Бо ташаббуси Иттифоқи миллии нависандагони Украина ва ҳамкории бевоситаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Шӯрои диаспораи тоҷикони Украина дар толори бошукӯҳи Иттифоқи миллии нависандагони кишвари иқомат рӯнамоии китоб бо номи “Климко” баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, китоби мазкур аз забони украинӣ ба забони тоҷикӣ бо қалами нависандаи шинохтаи тоҷик Абдулҳамид Самад дар арафаи ҷашни 80-солагии зодрӯзи нависандаи маъруфи Украина, муаллифи он Григор Тютюнник (1931–1980), тарҷума шудааст.

Дар ҷамъомад намояндагони сершумори аҳли илму адаб, воситаҳои ахбори омма, кормандони Сафорат ва намояндагони диаспораи тоҷикони муқими Украина иштирок намуданд.

Ҳозирин аз дӯстии анъанавии халқҳои Тоҷикистону Украина, ҳусни тафоҳуми мутақобила ва ҳамкории судманди миёни ҳарду кишвар сухан карданд. Баромадкунандагон аз тарҷумаи китоб бо забони тоҷикӣ, хидмати бузург ва арзандаи тарҷумони китоб, нависандаи шинохтаи тоҷик изҳори сипос гуфта, ҳамзамон ӯро пайвандгари адабиёт ва фарҳангу маданияти миёни хонандагони муосири Украина ва Тоҷикистон номбар карданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов дар баромади худ аз иштирокдорон барои қадрдонӣ нисбати нависандаи тоҷик изҳори миннатдорӣ намуда, ҳозиринро бо талошҳои рӯзмарраи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди адабиёти муосир, илму фарҳанг ва ривоҷи муносибатҳои дуҷонибаи фарҳангию гуманитарӣ миёни кишварҳо дар 20 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ошно сохт.

Қобили зикр аст, ки нависандагони тоҷик якчанд асарҳои нависандагони украиниро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудаанд, ки онҳо хонандаи тоҷикро бо адабиёту фарҳанги кишвари иқомат бештар шинос мекунанд. Дар ин замина тасмим гирифта шудааст, ки робитаҳои мустақими иттиҳодияҳои эҷодии ду кишвар ба роҳ монда шаванд ва асарҳои барҷастаи шоирону нависандагони кишварҳо ба забонҳои якдигар тарҷума гарданд. Бо ин мақсад, Иттифоқи миллии нависандагони Украина дар оянда таҳия ва омода намудани лоиҳаи созишномаи дуҷонибаро миёни иттифокҳои нависандагони Тоҷикистону Украина пешниҳод кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.