Мониторинги фаъолияти АНМН аз ҷониби мушовири хориҷӣ

Мушовири байнулмилалӣ Петер Алан мониторинги ҷараёни амалисозии лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистонро баргузор намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, мониторинг, ки аз 27-уми январ то имрӯз доир гардид, давраи хеле тӯлонӣ – аз моҳи июли соли 2003 то […]

Аваз Юлдошев


Мушовири байнулмилалӣ Петер Алан мониторинги ҷараёни амалисозии лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистонро баргузор намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур хабар доданд, мониторинг, ки аз 27-уми январ то имрӯз доир гардид, давраи хеле тӯлонӣ – аз моҳи июли соли 2003 то моҳи декабри соли 2011-ро дарбар гирифт.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар мушовир бо директори АНМН Рустам Назаров мулоқот кард. Зимни мулоқот директори АНМН мушовирро бо фаъолияти агентӣ дар доираи лоиҳа шинос намуда, оид ба беҳбуди таъминоти моддиву техникӣ ва молиявии ин ниҳод як қатор пешниҳодҳо иброз кард.

Мушовир ҳамчунин бо фаъолияти воҳидҳои АНМН дар вилояти Суғд, марказҳои таҳлилӣ, синфи компютерии омӯзиши интерактивӣ, озмоишгоҳи ташхисҳои судӣ, вазъи анбори нигоҳдории маводи нашъаовар, боздоштгоҳи муваққатӣ ва маркази кинологии агентӣ аз наздик ошно гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.