Сокини Суғд барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш ба 24 соли зиндон маҳкум шуд

Сокини 38-солаи вилояти Суғд, падари 9 нафар фарзанд Маҳмадвосеъ Амонов барои қатли бераҳмонаи ҳамсари худ ба муддати 24 соли зиндон маҳкум шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди вилоятӣ Ҳабибулло Мирбобоев хабар дод, Амонов дар қатли ҳамсар ва кӯшиши қатли зани дуюмаш гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 24 соли зиндон бо […]

Мавлуда Рафиева


Сокини 38-солаи вилояти Суғд, падари 9 нафар фарзанд Маҳмадвосеъ Амонов барои қатли бераҳмонаи ҳамсари худ ба муддати 24 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди вилоятӣ Ҳабибулло Мирбобоев хабар дод, Амонов дар қатли ҳамсар ва кӯшиши қатли зани дуюмаш гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 24 соли зиндон бо мусодираи амвол ва адои ҷазо дар зиндони низомаш шадид маҳкум карда шудааст.

Мирбобоев зикр кард, ки дар таърихи 23-юми сентябри соли 2011 бинобар сабаби ҷанҷолу нофаҳмӣ миёни ду занаш, Амонов дар ҳузури писари ноболиғаш зани якумашро бо чанд зарбаи корд ба ҳалокат мерасонад. «Сипас ба зани дуюм ҳамла оварда, ӯро низ чанд корд мезанад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Ҳамсояҳо зани ҷароҳатбардоштаро ба бемористон мебаранд ва хушбахтона, ӯ бо осори захми 9 зарбаи корд наҷот меёбад», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки Амонов аз зани якум соҳиби 6 нафар ва аз зани дуюм соҳиби 3 нафар  фарзандони ноболиғ аст.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, соли гузашта дар минтақаи шимоли кишвар 41 далели куштор, аз ҷумла 9 ҳоисаи кӯшиши ба қатл расонидан ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.