Анҷоми боздиди ҳайати ҲНИТ аз Арабистони Саудӣ

Ҳайати  ҲНИТ бо роҳбарии устод Муҳиддин Кабирӣ зимни сафари хеш ба Арабистони Саудӣ аз шаҳрҳои Маккаи Мукаррама, Ҷидда ва Ар-Риёз боздид намуд. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар шаҳри Макка пас аз анҷоми маросими Умра, вохурии самимонае бо донишҷуёни тоҷики муқими ин шаҳр баргузор гашт, ки Раиси ҲНИТ М. Кабирӣ ва Муовини аввали […]

ASIA-Plus


Ҳайати  ҲНИТ бо роҳбарии устод Муҳиддин Кабирӣ зимни сафари хеш ба Арабистони Саудӣ аз шаҳрҳои Маккаи Мукаррама, Ҷидда ва Ар-Риёз боздид намуд.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар шаҳри Макка пас аз анҷоми маросими Умра, вохурии самимонае бо донишҷуёни тоҷики муқими ин шаҳр баргузор гашт, ки Раиси ҲНИТ М. Кабирӣ ва Муовини аввали Ӯ Сайидумар Ҳусайнӣ ба саволҳои сершумори ҳамватанон атрофи масоили гуногуни кишвар ва ҷаҳон ҷавоб гуфтанд ва табодули назарҳо сурат гирифт.

Инчунин, рузи 27-уми январи соли ҷорӣ ҳайати  ҲНИТ ба шаҳри Ар-Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ сафар намуд, ки онро шумори зиёде аз ҳамватанон ва донишҷуёни тоҷик дар фурудгоҳ пешвоз гирифтанд. Ҳайат вохӯриҳои худро аз боздиди сафорати Тоҷикистон дар Ар-Риёз шуруъ намуда, баъдан бо иддае аз намояндагони муассисаҳои расмӣ ва ғайридавлатии ин кишвар дидору суҳбатҳо анҷом шуд.

Аз ҷумла, дар қароргоҳи марказии Ассамблеяи байналмилалии ҷавонони мусалмон мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо Дабири кулли ин созмон, доктор Солеҳ  Ал-Вуҳайбӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот раиси ҲНИТ аз ҳамкориҳои судманди ин созмон бо Тоҷикистон ва мардуми тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуда, тақвияти ин гуна ҳамкориҳоро хеле муҳим арзёбӣ намуд.

Дар нимаи дуюми ҳамон рӯз раиси ҲНИТ бо Дабири кулли Маҷлиси олӣ дар умури исломӣ, доктор Солеҳ ибни Ҳусайн ал-Ъоид дар Вазорати авқоф ва умури исломии мамлакати Арабистони Саудӣ вохурӣ анҷом дод. Тарафҳо манфиатдории худро барои пешгирӣ аз ҳамагуна зуҳуроти манфии марбут ба дин изҳор намуда, роҳи аз ҳама муассирро дар ҷалби ҷавонон ба андешаҳои муосир ва муътадили мазҳабӣ донистанд. Раиси ҲНИТ аз таҷрибаи мусбати кишвари мо дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулгароӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба мизбон маълумот дода, нақши сулҳ ва оштии миллиро дар расидан ба чунин дастовард калидӣ хонд.

Пешниҳод шуд, ки Арабистони Саудӣ бо ворид намудани сармояи бештар ба лоиҳаҳои иқтисодӣ ва истеҳсолии Тоҷикистон саҳми худро дар эҷоди ҷойҳои кори нав барои ҷавонони тоҷик бигузорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.