Ташрифи сафири Ветнам ба вилояти Суғд

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Тоҷикистон ҷаноби Ле Ман Луан ба вилояти Суғд ташриф овард. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Тоҷикистон ҷаноби Ле Ман Луан бо муовини Раиси вилоят Мубинҷон Қайюмов доир гашт. […]

ASIA-Plus


Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Тоҷикистон ҷаноби Ле Ман Луан ба вилояти Суғд ташриф овард.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Тоҷикистон ҷаноби Ле Ман Луан бо муовини Раиси вилоят Мубинҷон Қайюмов доир гашт.

Мубинҷон Қайюмов ҷаноби Ле Ман Луанро ба сарзамини Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфта, дар бораи вилояти Суғд, соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят маълумоти муфассал дод.

Мубинҷон Қайюмов қайд намуд, ки дар вилоят якчанд коргоҳҳои саноатӣ амал мекунанд. Аз ҷумла корхонаҳои муштарак бо мамолики Италия, Эрон, Чин, Туркия, Руссия ва дигар кишварҳо  фаъолият мебаранд.

Дар соҳаи кишоварзӣ ба рушди соҳаи пахтакорӣ эътибори ҷиддӣ равона гардида, роҳбарияти вилоят кӯшиш дорад, ки бевосита дар ҳудуди навоҳии пахтакор корхонаҳои коркарди пахта бунёд намуда, коркарди ин ашёи гаронбаҳо дар вилоят равнак дода мешавад.

 Ҳамчунин Мубинҷон Қайюмов зикр кард, ки бо Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ҳамкориҳо дар соҳаи абрешимчигӣ ба роҳ монда шуда, чанд сол инҷониб дар вилоят корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ-Силк»  фаъолият дорад.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ветнам Ле Ман Луан барои пазироии хуб дар сарзамини меҳмоннавози вилояти Суғд арзи сипос намуда, нақши вилоятро дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

Ӯ ният дорад минбаъд ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ, аз  ҷумла дар соҳаи истеҳсоли абрешим равнақ бахшида, дар соҳаи моҳипарварӣ низ ба роҳ монад.

Дар охир Ле Ман Луан роҳбарияти вилоятро ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таклиф намуд.          

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.