Мусодираи героину кокаин аз қочоқбарони афғон

Марзбонони тоҷик аз ҳодисаи навбатии қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, рӯзи 29-уми январ дар дараи Саломалеки ноҳияи Шӯрообод як гурӯҳ қочоқбарони афғон кӯшиши убури марзро кардаанд, вале ба муқобилияти марзбонон дучор гардида, ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд. «Дар ҷараёни муқобилияти мусаллаҳона яке […]

ASIA-Plus


Марзбонони тоҷик аз ҳодисаи навбатии қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд, рӯзи 29-уми январ дар дараи Саломалеки ноҳияи Шӯрообод як гурӯҳ қочоқбарони афғон кӯшиши убури марзро кардаанд, вале ба муқобилияти марзбонон дучор гардида, ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурдаанд. «Дар ҷараёни муқобилияти мусаллаҳона яке аз қочоқбарон захмӣ шуд», – гуфт манбаъ.

Бино ба итилои манбаъ, дар ҷойи ҳодиса ду халтаи дори 25,5 кило маводи мухаддири героин ва 1 кило кокаин дарёфт шудааст.

«Муайян карда шудааст, ки ба гурӯҳи қочоқбарони Саҳобиддин валади Амон, сокини музофоти Тахори Афғонистон сарварӣ мекунад. Айни замон мавзеи мазкур пурра мавриди санҷиш ва ҷустуҷӯ қарор дорад», – гуфтанд дар сарраёсат.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта марзбонони тоҷик аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 700 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.