Форуми аввалини донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии Украина

Сафорати Тоҷикистон дар Украина ба омодасозии Форуми аввали донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии Украина, ки 27-29 апрели соли 2012 дар маркази донишгоҳии бузургтарини Украина дар шаҳри Харков баргузор мегардад, шурӯъ намуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба Форум таъсис шудааст ва дар якҷоягӣ бо мақомоти […]

ASIA-Plus


Сафорати Тоҷикистон дар Украина ба омодасозии Форуми аввали донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии Украина, ки 27-29 апрели соли 2012 дар маркази донишгоҳии бузургтарини Украина дар шаҳри Харков баргузор мегардад, шурӯъ намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба Форум таъсис шудааст ва дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва роҳбарияти Донишгоҳи миллии техникӣ “Донишкадаи политехникии Харков” масъалаҳои тадорукотӣ ва ғайра доир ба омодагӣ ба ин чорабинии муҳим баррасӣ мегарданд.

Дар рафти Форуми донишҷӯёни тоҷики вилоятҳои Харков, Днепропетровск, Одесса, Тернопол, Кировоград, Донетск, Виннитск, Луганск, Полтава, Черкасск ва шаҳри Киев масъалаҳои мубрами таҳсил ва ҳаёти донишҷӯӣ муҳокима хоҳанд шуд ва интихоби Шӯрои донишҷӯён, инчунин таъсиси маҷаллаи донишҷӯӣ бо интихоби ҳайати таҳририяи маҷалла дар назар аст. Дар рӯзҳои ин ҳамоиш ҳамчунин мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи 6 намуди варзиш ва озмунҳои мусиқӣ бо интихоби 4 номзад барпо мешаванд.

 Бо мақсади тавсеаи фазои фаъолнокӣ ва самаранокии Форум, такмили мӯҳтавои он бо масъалаҳои мушаххаси марбут ба донишҷӯӣ, Сафорат ба тамоми донишҷӯёни ҳамватан ҷиҳати шурӯъ ба корҳои омодагӣ ва фиристодани пешниҳодҳои худ ба Кумитаи тадорукоти Форум муроҷиат намуд. Дар сомонаи Сафорат (www.tajemb.com.ua) бахши махсуси вобаста ба омодагӣ ва гузаронидани Форуми I кушода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.