Оғози кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадӣ ба кор шурӯъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳайати кишвари ҳамсоя то рӯзи 11-уми феврал дар пойтахти Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. «Ҷонибҳо ҳамчунин дигар мушкилоти мавҷуда дар марз ва масоили рушди минбаъдаи […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадӣ ба кор шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳайати кишвари ҳамсоя то рӯзи 11-уми феврал дар пойтахти Тоҷикистон қарор хоҳад дошт. «Ҷонибҳо ҳамчунин дигар мушкилоти мавҷуда дар марз ва масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро низ баррасӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

 То имрӯз ҳудуди 50%-и марзи Тоҷикистону Қиргизистон муайян карда шуда, бино ба маълумоти манбаъ, сарфи назар аз мавҷуд будани маҳаллаҳои аҳолинишини қирғиз ва тоҷикнишин дар ҳар ду самт, ҷараёни гуфтушунид оид ба муайян кардани хатти марз бо Қирғизистон муваффақона идома доранд.

Масофаи умумии марзи давлатии Тоҷикистон бо кишварҳои дигар беш аз 4 ҳазор километрро ташкил медиҳад, ки ҳудуди 1 ҳазор километри он марз бо Қирғизистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.