КҲФ: Равуои нақлиёт тавассути ағбаҳо қатъ нашудааст

Сарфи назар аз бориши зиёди барф ва якбора сард шудани ҳаво тайи рӯзҳои ахир, равуои нақлиёт тавассути ағбаҳо қатъ нашудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод. Ба қавли вай, ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ танҳо тавассути гурӯҳи ноҳияҳои водии […]

Аваз Юлдошев


Сарфи назар аз бориши зиёди барф ва якбора сард шудани ҳаво тайи рӯзҳои ахир, равуои нақлиёт тавассути ағбаҳо қатъ нашудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод.

Ба қавли вай, ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ танҳо тавассути гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ва ағбаи Хобуробот манъ карда шудааст.

«Бо супориши мақомоти раҳбарии кумита дар километри 63-юми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб қароргоҳи наҷотдиҳандагони кумита ташкил карда шуд, ки ба ҳайати он наҷотдиҳандагон, табибон ва аъзои гурӯҳи дастгирии техникӣ шомил буда, ба кӯмаку мусоидати саривақтӣ омодаанд», – зикр кард О.Нозимов.

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар назди ҳукуматҳои ноҳияҳои кӯҳӣ ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда фаъолият доранд, ки доимо бо КҲФ ва МГ дар тамосанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.