Баррасии ҷараёни татбиқи лоиҳа оид ба омодасозии муҳоҷирони корӣ

Дар шаҳри Душанбе ҷараёни амалисозии лоиҳаи Тоҷикистону Русия оид ба омодасозии муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуд. Чанде қабл дар рафти вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо роҳбари намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон Виктор Себелев масоили амалисозии лоиҳаи муштараки санҷишӣ оид ба омодагии касбии муҳоҷирони кории тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт. […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Душанбе ҷараёни амалисозии лоиҳаи Тоҷикистону Русия оид ба омодасозии муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуд.

Чанде қабл дар рафти вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо роҳбари намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон Виктор Себелев масоили амалисозии лоиҳаи муштараки санҷишӣ оид ба омодагии касбии муҳоҷирони кории тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа омӯзиши забони русӣ ба муҳоҷирон дар назар аст. Лоиҳаи санҷишӣ дар заминаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 66-и шаҳри Душанбе амалӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати кишвар хабар доданд, С.Девонаев ба ҳамтои русиягии худ дар бораи фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва чораҳои андешида дар самти танзими раванди муҳоҷирати корӣ маълумоти муфассал дод. Ӯ таъкид кард, ки ахиран дар Тоҷикистон ба масъалаи донистани забони русӣ аз ҷониби муҳоҷирон ва омодагии касбии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.