Шабакаҳои барқи Қӯрғонтеппа ба шиддати зиёд тоб намеоранд

Дар низоми интиқоли шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа бар асари сармои шадид ва афзудани шиддатнокӣ тез-тез садамаҳо рух медиҳанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа Исомиддин Сафаров хабар дод, дар муддати ду рӯзи ахир ду трансформатор аз кор баромада, дар якчанд хатҳои интиқоли барқ садамаҳо ба вуқӯъ пайвастаанд. «Мо ба чунин вазъ […]

Сайраҳмон Назриев


Дар низоми интиқоли шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа бар асари сармои шадид ва афзудани шиддатнокӣ тез-тез садамаҳо рух медиҳанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа Исомиддин Сафаров хабар дод, дар муддати ду рӯзи ахир ду трансформатор аз кор баромада, дар якчанд хатҳои интиқоли барқ садамаҳо ба вуқӯъ пайвастаанд.

«Мо ба чунин вазъ қаблан омодагӣ гирифта будем. Айни замон тамоми хадамоти шабакаҳои барқи шаҳр шабонарӯзӣ фаъолият дошта, кӯшиш дорем, ки тамоми садамаҳоро дар муддати кӯтоҳтарин бартараф намоем», – гуфт вай.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки чун феълан дар шаҳр маркази барқу гармидиҳӣ ва газ мавҷуд нест, тамоми шиддат ба дӯши шабакаҳои барқ рост меояд. «Дар манзилҳои зисти баландошёна гармкунии хонаҳо ва кори пойгоҳҳои обкашӣ аз ҳисоби қувваи барқ сурат мегиранд», – идома дод Сафаров.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар як шабонарӯз барои шаҳри Қӯрғонтеппа интиқоли 800 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ пешбинӣ шудааст, вале воқеан истеъмолгарон бо зиёда аз 1 млн. кВт/соат нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. «Фасли гармо талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ то 400 ҳазор кВт/соат ё худ ба андозаи 50% коҳиш меёбад», – афзуд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.