АНМН: Боздошти 6 нафар ба гумони даст доштан дар нашъаҷаллобӣ

Дар силсилаамалиётҳое, ки кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар анҷом доданд, шаш нафар ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардиданд, ки ду нафари онҳо барои содир кардани ҷиноят пеш суд шуда буданд. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, кормандони Раёсати Агентӣ […]

ASIA-Plus


Дар силсилаамалиётҳое, ки кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар анҷом доданд, шаш нафар ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардиданд, ки ду нафари онҳо барои содир кардани ҷиноят пеш суд шуда буданд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ шаҳрванди 30-солаи шаҳри Қурғонтеппаро  бо маводи сахттаъсири героин дастгир карданд.

Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ онҳо шарики ӯ-сокини 29-солаи Қурғонтеппаро, ки  оиладор ва соҳиби ду фарзанд будааст, дастгир карданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи ӯ маводи мухаддир  мусодира гардид.

Кормандони Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванди 31-солаи пойтахтро бо маводи нашъаовари навъи ҳашиш дастгир намуданд.Вай оиладор ва соҳиби як фарзанд буда, барои содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 244 қисми 2 КҶ ҶТ, яъне дуздии такрорӣ ва расонидани зарар, суд шуда будааст.

Дар шаҳри Чкаловск кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар ҷараёни баргузории амалиёти оперативӣ як гурӯҳи муташаккилро ба гумони  ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир ва аз онҳо бангдона мусодира намуданд. Як нафар дастгиршуда сокини 38-солаи ноҳияи Мастчоҳ, оиладор, соҳиби чор фарзанд буда, қаблан суд нашудааст. Шарики ӯ зодаи ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон аст, ки бо оила ва 5 фарзандаш дар шаҳри Чкаловск зиндагӣ мекунад. Тафтишот муайян кард, ки вай соли 2011 барои тасарруфи амвол ва қаллобӣ бо моддаҳои 245 ва 247 қ. 4 банди “б” КҶ ҶТ суд шуда будааст.

Ҷавоне, ки дар шаҳри Хоруғ ният дошт мухаддирот савдо кунад, аз ҷониби  кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дастгир шуд. Ӯ дорои маълумоти миёнаи касбӣ ва муҷаррад буда, қаблан суд нашудааст. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи ӯ чор ғилофаки коғазӣ пайдо карда шуд, ки ҳар кадоми он дорои моддаи сафеди зардчатоб буданд. Тибқи хулосаи лабораторияи ташхиси судии Раёсати Агентӣ маводи мусодирашуда героин буда, барои фурӯш омода шуда буд.

Ҳамаи дастгиршудагон ба тавқифгоҳҳои Агенӣ ворид карда шуданд ва нисбати аъмоли содиркардаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд. Муфаттишони Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ барои муайян кардани шарикони ҷиноии дастгиршудагон ва сарчашмаҳои дарёфти мухаддирот чораҳои иловагиро идома медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.