М.Убайдуллоев: Ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи навбатии васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр:  кўчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рўдакӣ баргузор гардид. Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа масъулини […]

ASIA-Plus


Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи навбатии васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр:  кўчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рўдакӣ баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа масъулини сохторҳои шаҳрдорӣ, як зумра директорони Пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, ки дар ҳудуди шаҳр фаъолият доранд ва кулли соҳибмулкону роҳбарони субъектҳои хоҷагидории иншооташон дар ин маврид тибқи Нақшаи генералии шаҳр барои азнавсозӣ пешбинигардида аз ноҳияҳои Шоҳмансур ва И. Сомонӣ ширкат варзиданд.

«Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати корҳои анҷомгирифтаи фаҳмондадиҳӣ бо соҳибмулкон, ки тўли ҳафтаи гузашта тибқи дастури шаҳрдорӣ аз тарафи сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷараён дошт, изҳори қаноатмандӣ намуда, бори дигар бо кулли соҳибмулкон  бобати моҳият ва зарурати тарҳрезии амали мазкур сўҳбат карда, афзуд, ки зимни роҳандозии ин тадбир ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман  риоя ва ҳифз карда мешаванд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ. М.Убайдуллоев дастур додааст, ки бо инобати таклифҳои соҳибмулкон лоиҳаҳои  тибқи Нақшаи генералии шаҳр дар минтақаи мазкур бунёдшавандаро дар Шўрои шаҳрсозӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои тасдиқ унвонии Раиси шаҳр пешниҳод намоянд.

«Раиси пойтахт зикр кард, ки азнавсозии  иншооти зикргардида бояд на дертар аз моҳи сентябри соли 2013 бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шаванд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.