Гумонбарии собиқ роҳбари ширкати «Тоҷик-Корея-Керамик» ба қаллобӣ

Нисбат ба собиқ директори генералии ҶДММ «Тоҷик-Корея-Керамик» парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Аз РКД-и вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ доданд, ки роҳбари ширкати номбурда, сокини 48-солаи шаҳри Хуҷанд Музаффар Бобоҷонов ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ширкат муддати начандон тӯлонӣ – аз моҳи декабри соли 2007 то моҳи октябри соли 2008 […]

Мавлуда Рафиева


Нисбат ба собиқ директори генералии ҶДММ «Тоҷик-Корея-Керамик» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Аз РКД-и вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ доданд, ки роҳбари ширкати номбурда, сокини 48-солаи шаҳри Хуҷанд Музаффар Бобоҷонов ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ширкат муддати начандон тӯлонӣ – аз моҳи декабри соли 2007 то моҳи октябри соли 2008 фаъолият дошт.

Муайян карда шудааст, ки санаи 29-уми сентябри соли 2011 Бобоҷонов ба боварии сокини пойтахт А.Г. даромада, бо ваъдаи тибқи квота ба маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ фиристодан аз ӯ 16 ҳазор доллари ИМА маблағ мегирад.

Сипас ӯ ин маблағро ба эҳтиёҷоти худ масраф карда, ғайб мезанад. «Маводи гирдоварда ба парвандаи ҷиноии қаблан аз 6-уми январи соли 2012 бозшуда илова гардида, ҷиҳати боздошти Бобоҷонов чораҳо андешида мешаванд», – гуфтанд дар РКД-и вилоят.

Бино ба маълумоти Раёсати зиддикоррупсияи вилояти Суғд, соли 2011 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 108 далели қаллобӣ (соли 2010 – 45 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.