Дархости IRS бобати эҳтиёткорӣ зимни ҳаракат тавассути роҳи Душанбе-Чаноқ

Филиали ширкати Innovative road solutions (IRS), ки ба идораи механизми толлингии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ масъул аст, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват ба амал овард, ки бинобар сабаби фаромадани тарма зимни ҳаракат тавссути ин роҳ эҳтиёткору ҳушёр бошанд.   Бино ба маълумоти ширкати мазкур, тибқи пешгўии ҳавошиносон ва мушоҳидаҳои мутахассисони Филиал шурўъ аз нимаи дуюми моҳи […]

Пайрав Чоршанбиев


Филиали ширкати Innovative road solutions (IRS), ки ба идораи механизми толлингии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ масъул аст, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват ба амал овард, ки бинобар сабаби фаромадани тарма зимни ҳаракат тавссути ин роҳ эҳтиёткору ҳушёр бошанд.  

Бино ба маълумоти ширкати мазкур, тибқи пешгўии ҳавошиносон ва мушоҳидаҳои мутахассисони Филиал шурўъ аз нимаи дуюми моҳи феврал дар аксари минтақаҳои кўҳистон, аз ҷумла роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак мавсими тармафароӣ оғоз меёбад. «Ба ин хотир аз истифодабарандагони роҳ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак боэҳтиёт бошанд», – зикр мегардад дар хабари ширкат.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл дар минтақаи Зарафшон дар қитъаи аз К152 то К160 дар 6 ҷой фаромадани тарма ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа ҳаракати мўътадили нақлиёт халалдор гардида буд.

Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои тармафароӣ ва таъмини ҳаракати бемамонияти нақлиёт ба ҷойи ҳодиса 1 адад грейдер ва 1 адад боркунаки фронталӣ сафарбар карда шуд. Кордонии устоҳову коргарони роҳ имкон дод, то роҳ сари вақт аз барфу тарма тоза карда шавад.

Феълан ҳаракати нақлиёт дар тамоми қитъаҳои роҳи минтақаи Зарафшон таъмин буда, зери назорати қатъии шабонарўзии роҳбарияти минтақа қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.