Кишоварзон аз созмонҳои байнулмилалӣ кӯмак дархост карданд

Бахши кишоварзии Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои обуҳавои номусоид шадидан ба дастгирии молиявии созмонҳои байнулмилалии мададрасон ниёз дорад, – изҳор кард зимни мулоқот бо намояндагони созмонҳ байнулмилалии муқими кишвар муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Сиҷоуддин Исроилов. «Обуҳавои номусоид ба бахши кишоварзӣ хисороти зиёд ворид кард, – гуфт муовини вазир. – Тирамоҳи соли 2010 ва баҳори соли 2011 […]

Пайрав Чоршанбиев


Бахши кишоварзии Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои обуҳавои номусоид шадидан ба дастгирии молиявии созмонҳои байнулмилалии мададрасон ниёз дорад, – изҳор кард зимни мулоқот бо намояндагони созмонҳ байнулмилалии муқими кишвар муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Сиҷоуддин Исроилов.

«Обуҳавои номусоид ба бахши кишоварзӣ хисороти зиёд ворид кард, – гуфт муовини вазир. – Тирамоҳи соли 2010 ва баҳори соли 2011 хушк омаданд. Камбуди намӣ ба ҳосили зироати тирамоҳӣ ва кишти баҳории зироати ғалладона таъсири манфӣ расонид. Бахусус ба заминҳои кишти серҳосил осеби зиёд расид».

Ба гуфтаи Исроилов, ҳамчунин ба бахши кишоварзӣ сардии барвақти обуҳаво дар тирмаоҳ ва боришоти зиёди барф зимистони соли равон низ зарар расониданд.

«Бино ба маълумоти гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми захираҳои тухмии гандум барои соли равон ҳамагӣ 38 ҳазор тонна ва тухмии картошка 52 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки барои зиёд кардани майдони кишти гандум то 219 ҳазор гектар ва картошка то 22 ҳазор гектар 43,8 ҳазор тонна тухмии гандум ва 77 ҳазор тонна тухмии картошка зарур аст», – иброз дошт номбурда.

Исроилов изҳор кард, ки обуҳвои номусоид ба соҳаҳои рустанипарварӣ дар ҳаҷми 4,4 млн. ва чорводорӣ 3,7 млн. сомонӣ зарар расониданд. «Талафоти чорвои калони шохдор 143 сар, чорвои хурд беш аз 4 ҳазор сарро ташкил дода, ҳамчунин 50 сар асп ва 50 оилаи занбӯри асал низ талаф ёфтанд», – гуфт вай.

Муовини вазири кишоварзӣ зикр кард, ки айни замон дар тамоми хоҷагиҳо камбуди шадиди хӯроки чорво ба мушоҳида мерасад. «Барои муваффақона зимистонро паси сар намудан ва ба даст овардани насли нав ҳадди аққал 1,2 ҳазор тонна хӯроки серғизои чорво ба маблағи 3 млн. сомонӣ зарур аст», – изҳор кард вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, бидуни ёрии созмонҳои байнулмилалӣ ҷумҳурӣ наметавонад ин камбудиҳоро бартараф созад ва аз созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки ба Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз кунанд. «Хӯроки серғизои чорво дар дохили ҷумҳурӣ мавҷуд аст, танҳо ҷиҳати дастрас кардани он маблағ зарур аст», – афзуд Исроилов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.