Ҳукумати ИМА намоишгоҳҳои кишоварзӣ дар ҷумҳуриро дастгирӣ мекунад

Хонум Сера Пенхюн, муовини Сафири ИМА дар Тоҷикистон дар намоишгоҳи кишоварзии ноҳияи Хатлони Тоҷикистон ширкат варзид.  Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, намоишгоҳ аз ҷониби Барномаи USAID ва Ҳайати шафқат оид ба таҳкими субот дар Тоҷикистон (БТСТ) ташкил карда шуд. Намоишгоҳ деҳқонони ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хисравро бо фурӯшандагони маводҳои баландсифати сертификатсияшудаи […]

ASIA-Plus


Хонум Сера Пенхюн, муовини Сафири ИМА дар Тоҷикистон дар намоишгоҳи кишоварзии ноҳияи Хатлони Тоҷикистон ширкат варзид. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, намоишгоҳ аз ҷониби Барномаи USAID ва Ҳайати шафқат оид ба таҳкими субот дар Тоҷикистон (БТСТ) ташкил карда шуд. Намоишгоҳ деҳқонони ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хисравро бо фурӯшандагони маводҳои баландсифати сертификатсияшудаи кишоварзӣ, аз ҷумлаи нуриҳо, тухмӣ ва пестисидҳо шинос намуд.  Дар намоишгоҳ шарикони USAID инчунин таҷрибаҳои бомуваффақияти кишоварзӣ, аз он ҷумла тарзи дурусти истифодаи маводҳои кишоварзӣ ва технологияҳои навро муаррифӣ намуданд.

 «Муваффақияти соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои ҳамаи мо, аз он ҷумла деҳқонон, соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ, масъулини давлатӣ ва сокинони маҳаллӣ муҳим аст», – дар суханронии хеш қайд намуд хонум Пенхюн.

Дар айни ҳол деҳқонони вилояти Хатлон барои муваффақ гардонидани хоҷагиҳои худ ба маҳсулоти баландсифат дастрасӣ надоранд, ва наметавонанд зироатҳои худро ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон бурда фурӯшанд. Намоишгоҳ деҳқонон, фурушандагони маводҳои кишоварзӣ, муассисаҳои хурди молиявӣ (МХМ) ва созмонҳои ҷомеъаи шаҳрвандиро барои мусоидат ба фурӯш ва истифодаи маводҳои кишоварзии баландсифати сертификатсияшуда ҷамъ овард.

Чорабинии мазкур 18 феврал дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ гузаронида шуд ва намоишгоҳи дигар 6 апрели соли 2012 дар ноҳияи Ғарми водии Рашт гузаронида мешавад. Намоишгоҳҳои мазкур дар доираи Барномаи калони таҳкими субот дар Тоҷикистон ки ба густариши робита байни деҳқонон, таъминотчиён, фурӯшандагон ва интиқолдиҳандагон равона шудааст, баргузор мегарданд.

БТСТ таваҷҷӯҳи асосиро ба таҳкими субот дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон тавассути мусоидат ба идоракунии беҳтар ва ҷалби гурӯҳҳои «таҳти хавф қарор дошта» ва дар канормонда ба раванди фаъолгардонии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зоҳир менамояд. БТСТ бо аҳли 63 ҷомеаҳои деҳоти Вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт ва Тавилдараи водии  Рашт ва қисмати ҷанубии Вилояти Хатлон ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо кор мекунад.

БТСТ аз ҷониби созмони Ҳайати Шафқат амалӣ шуда истодааст, ки бо ҷомеъаҳои Тоҷикистон аз соли 1994 фаъолона ҳамкорӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.