Баррасии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин дар Душанбе

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир Шариф Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, иқтисод ва тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки ҷонибҳо дар аснои мулоқот мавриди баррасӣ […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир Шариф Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, иқтисод ва тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки ҷонибҳо дар аснои мулоқот мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин таи солҳои охир иштироки фаъоли ширкатҳои бузурги чиниро дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар самараи нек арзёбӣ намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ Фан Сянжун иброз дошт, ки баҳри вусъат додани муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя, ки таъриху фарҳанги пурғановат доранд, ҳамчун Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта дар савдои хориҷӣ бо Тоҷикистон Чин пас аз Русия мақоми дуюмро ишғол кард.

Ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин дар соли гузашта ба беш аз 660 млн. доллари ИМА баробар шуд. Ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон зиёда аз 254 млн. доллари ИМА ва воридоти маҳсулоти Чин ба ҷумҳурӣ беш аз 406 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.