Вохӯрии президент бо вазири давлатӣ оид ба масоили Қувваҳои Мусаллаҳи Британия

Date:


Вазири давлатӣ оид ба масоили Қувваҳои Мусаллаҳ, узви парлумони Британияи Кабир Ник Харвей бо сафари якрӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Пагоҳ дар нимаи аввали рӯз ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни вохӯрӣ баррасии масоили вазъи кунунии муносибатҳо бо шумули таъсири он ба вазъ дар минтақа ва дурнамои руши муносибатҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ миёни кишварҳо дар назар аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва амнияти минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related