Баррасии дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон

Дар қароргоҳи ҳукумати ҶТ ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматиии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ба кор шурӯъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Озарбойҷонро дар ҷаласаи мазкур вазири рушди иқтисод […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар қароргоҳи ҳукумати ҶТ ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматиии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ба кор шурӯъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Озарбойҷонро дар ҷаласаи мазкур вазири рушди иқтисод Шоҳин Мустафоев сарварӣ карда, ҳамраиси он аз ҷониби Тоҷикистон вазири мелиоратсия ва захираҳои обӣ Раҳмат Бобокалонов аст.

Бино ба маълумоти сафорати ҶТ дар Озарбойҷон, айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои миёни кишварҳо аз 22 санад иборат аст.

Соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо 24,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон дар ҳаҷми каме бештар аз 2,3 млн. $ маҳсулот фиристода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.