Дар минтақаи шарқи кишвар шаҳрвандон акнун баҳсҳо ва мухолифатҳои пайдошудаи шахсиро бештар дар чаҳорчӯби қонун ҳал мекунанд.
Тавре иҷрочии суди ноҳияи Тоҷикобод Олимҷон Назриев арз намуд, ахиран афзоиши шумори муроҷиати шаҳрвандон ба суд оид ба баҳсу мухолифатҳо миёни аҳолӣ ба мушоҳида мерасад.
Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи мушоҳидаҳо солҳои пештар низ чунин воқеаҳо кам набуданд, вале вобаста ба чунин шикоятҳо соли гузашта ҳамаги 13 ариза ворид гардида, муддати ду моҳи соли равон бошад, суди ноҳия алаккай 7 шикояти шаҳрвандонро баррасӣ намудааст, ки ба ҷанҷолхои байниҳамӣ марбут аст.
«Аз як тараф, агар ин гувоҳи афзудани эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад, аз ҷониби дигар, шаҳрвандон акнун дар ҳама ҳолат ҳуқуқҳои худро ҳимоя кардан мехоҳанд», – гуфт вай.
Номбурда зикр кард, ки яке аз ҳодисаҳои ба ин монанд ҳафтаи гузашта дар суди ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сокини рустои Баҳори ҷамоати Лангари Шох бар асари як муноқишаи оддӣ, ба хашм омада, ҳамдеҳаи худро латкӯб мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардошта, аз болои ҳамдеҳаи худ ба суд шикоят бурд.
«Суди ноҳияи Тоҷикобод ҷанҷоли байни ҳамдеҳагонро баррасӣ намуда, барои зарари миёнаи ҷисмонӣ расонидан айбдоршавандаро тибқи моддаи 111, қисми 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ ба муҳлати 1 сол бо ҷалб намудан ба корҳои ислоҳотӣ маҳкум намуд», – афзуд Назриев.



