Вохӯрии сарвари давлат бо намояндагони бонувони фаъоли кишвар

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар бо намояндагони бонувони фаъоли кишвар мулоқот намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, мулоқоти навбатии анъанавии Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони бонувони фаъол, ки аз тамоми гӯшаю канори кишвар ҷамъ омаданд, дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин мулоқот занону духтарони касбу кори гуногун […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар бо намояндагони бонувони фаъоли кишвар мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, мулоқоти навбатии анъанавии Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони бонувони фаъол, ки аз тамоми гӯшаю канори кишвар ҷамъ омаданд, дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин мулоқот занону духтарони касбу кори гуногун аз сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, олимону омӯзгорон, табибон, донишҷӯён, адибаҳои маъруф ва шахсиятҳои дигари шинохта, ки дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон нақши намоёни ҷамъиятӣ гузоштаанду доранд, иштирок намуданд.

Президенти кишвар аҳли толор ва дар симои онҳо тамоми модарон ва занону духтаронро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба онҳо хушбахтию сиҳатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно намуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз беш аз 45% аҳолии машғули кори кишварро занону духтарон ташкил медиҳанд ва шумораи умумиашон зиёда аз як миллион нафар аст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки аз 15 ҳазор нафар кадрҳои роҳбарикунанда 5 ҳазораш занону духтарон аст ва ин ба андешаи сарвари давлат нокифоя аст. Аз ин хотир таъкид гардид, ки ба таълиму тарбияи духтарони оқилу доно, хушлаёқат ва дорои қобилияти роҳбарикунанда дар тамоми гӯшаю канори кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.

Бо арзи қаноатмандӣ иттилоъ дода шуд, ки тайи 15 соли охир бо квотаҳои президентӣ тақрибан 8 ҳазор ҷавондухтарон, пеш аз ҳама, аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон соҳиби таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва касбу ҳунар шуданд ва беш аз 3 ҳазори дигар имрӯз таҳсили илм мекунанд. Ба иттилои сарвари давлат аз 150 ҳазор донишҷӯёни имрӯза 45 ҳазораш духтарон мебошанд.

Тавре таъкид гардид, занону духтарон натанҳо дар тавлид ва таълиму тарбияи насли наврас, балки дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа бояд нерӯи тавоною муқтадир ва ташаббускори ободӣ ва пешрафту шукуфоиҳо будани худро пайваста собит намоянд.

Бо ёдоварӣ аз грантҳои президентӣ ба занони соҳибкор таъкид гардид, ки дар зарфи 5 соли охир ба ин восита беш аз 21 ҳазор нафар занон бо кор таъмин карда шуданд ва қариб 20 ҳазор нафари дигар дар курсҳои кӯтоҳмуддат касбу ҳунар омӯхтанд.

Тибқи иттилои сарвари давлат, шумораи занони аз бонкҳо барои соҳибкорӣ қарзгиранда низ ба маротиб афзудааст. Агар соли 2006 55 ҳазор зан 168 миллион сомонӣ қарз гирифта бошанд, пас дар соли 2011 103 ҳазор нафар 521 миллион сомонӣ қарз гирифтаанд.

 Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба нақши муассири занону духтарон дар рӯзгору оила таъкид намуд, ки онҳо дар риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла иҷрои қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъол бошанд.

Дар қисмати дуюми мулоқот миёни сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва занону духтарони фаъол маҳфили ошкорои пурсишу посух сурат гирифт.

Зимни он олимаи тоҷик Насиба Содиқова, ятимдухтари донишҷӯ Марҳабо Файзиева, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Тоҷи Заррин» Заррина Муллоева, мудири кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Исфара Муҷибахон Ҷавҳарова, сартабиби Пажӯҳишгоҳи бемориҳои узвҳои ҳозима Саодат Азимова ва ду шоираи ширинкалом – Меҳринисо ва Рӯдобаи Мукаррам изҳори андеша карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.