Болоравии қимати барқ ба камбизоатон таъсир намерасонад

Болоравии қимати нерӯи барқ ба андозаи беш аз 20% аз 1-уми апрели соли равон ба қишри камбизоати аҳолии Тоҷикистон таъсиргузор нахоҳад буд. Давлат барои ин қишри аҳолӣ ҷубронпулӣ ҷудо мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, мутобиқи Ёддошти баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз дар соли 2006, қимати барқ […]

Аваз Юлдошев


Болоравии қимати нерӯи барқ ба андозаи беш аз 20% аз 1-уми апрели соли равон ба қишри камбизоати аҳолии Тоҷикистон таъсиргузор нахоҳад буд. Давлат барои ин қишри аҳолӣ ҷубронпулӣ ҷудо мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, мутобиқи Ёддошти баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз дар соли 2006, қимати барқ ҳамасола тақрибан бояд то 40% боло мерафт.

«Сарфи назар аз чунин қарордод, ҳукумати ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 2010 маротибае ҳам арзиши барқро зиёд накардааст», – гуфтанд дар ширкат.

Ширкати «Барқи тоҷик» бо мақсади ба вуҷуд наомадани нофаҳмиҳо дар ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, аз истеъмолгарони нерӯи барқ даъват ба амал меоварад, ки то 1-уми апрели соли 2012 маблағҳои қарз аз истифодаи барқро пурра пардохт намоянд.

Ёдрас мекунем, ки

аз 1-уми апрели соли равон дар Тоҷикистон тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ карда мешаванд

. Арзиши як кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ бо назардошти андоз аз арзиши изофа 11 дирамро ташкил хоҳад дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба тарофаҳои ҳозира ба ҳисоби миёна ба миқдори 20 дарсад бештар аст.

Бори ахир тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аввали соли 2010 боло рафта буданд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ тадриҷан то 3,5 сент расонида шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.