Манъи фаъолияти як қатор нуқтаҳои фурӯши газ дар Суғд

Нозироти комплексӣ оид ба бехатарии корҳо дар саноати вилояти Суғд фаъолияти як қатор нуқтаҳои фурӯши газро манъ карда, ба маркази насби таҷҳизоти баллони газӣ ба автомобил ҷиҳати бартараф кардани қонуншиканиҳо таъинот содир намуд. Сармутахассиси Нозироти комплексӣ оид ба бехатарии корҳо дар саноати вилояти Суғд Валерий Ҳақдодов гуфт, ин марказ бидуни ҳуҷҷатгузорӣ фаъолият дошта, дар таъмини […]

Бахтиёр Валиев


Нозироти комплексӣ оид ба бехатарии корҳо дар саноати вилояти Суғд фаъолияти як қатор нуқтаҳои фурӯши газро манъ карда, ба маркази насби таҷҳизоти баллони газӣ ба автомобил ҷиҳати бартараф кардани қонуншиканиҳо таъинот содир намуд.

Сармутахассиси Нозироти комплексӣ оид ба бехатарии корҳо дар саноати вилояти Суғд Валерий Ҳақдодов гуфт, ин марказ бидуни ҳуҷҷатгузорӣ фаъолият дошта, дар таъмини бехатарии корҳо қонуншиканиҳо ба мушоҳида расиданд, ки метавонанд ба ҳодисаҳои нохуш боис гарданд.

Ба гуфтаи вай, аз дуюми март фаъолияти нуқтаи фурӯши газ дар ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара, ки ба соҳибкори хусусӣ тааллуқ дорад, ба муддати 20 рӯз боздошта шуд. «Маълум шуд, ки ин соҳибкор барои сохтмон ва боз кардани нуқтаи фурӯш ҳуҷҷати муайяне надошта, ҳамчунин дар ин бора иҷозатномаи дахлдори нозиротро низ надорад. Агар дар муддати 20 рӯз камбудиҳо бартараф нашаванд, молики нуқтаи фурӯши газ ба маблағи 280 сомонӣ (1-10 нишондиҳандаи ҳадди аққал барои ҳисоб) ҷаримабандӣ шуда, чорабинии минбаъда муроҷиат ба мақомоти прокуратура хоҳад буд», – гуфт Ҳақдодов.

Ҳақдодов мегӯяд, дар таърихи 26-уми феврали соли равон Нозироти комплексӣ оид ба бехатарии корҳо дар саноати вилояти Суғд ба ҶДММ «Гулхан»-и шаҳри Хуҷанд, ки ба насби баллонҳои газӣ ба автомобилҳо машғул аст, таъинот содир кард. «Дар ҷараёни санҷиш маълум шуд, ки коргарони ин корхона аз сатҳи зарурии касбият бархӯрдор набуда, оид ба риояи техникаи бехатарӣ дастуре нагирифтаанд ва сарулибосашон ҳам ба шароити корӣ мутобиқ нест. Ғайр аз ин, мутобиқати дастгоҳҳои санҷишӣ (манометр, тарозуҳо), ки дар он ҷо истифода мешаванд, дар мақомоти дахлдор санҷида нашудаанд», – афзуд номбурда.

Бино ба маълумоти Нозироти комплексӣ оид ба бехатарии корҳо дар саноати вилояти Суғд, моҳҳо январ-феврали соли равон аз ҷониби нозирот дар корхонаҳои саноати кӯҳкорӣ, кимиёвӣ, металлургӣ, саноати газӣ ва геологӣ 332 санҷиш гузаронида шудааст.

Дар ҷараёни санҷиш 1933 қонуншикании риоя накардани қоидаҳои бехатарии корҳо дар саноат ошкор гардида, 401 таъинот содир шудаааст. Қонуншиканон ба маблағи умумии 12250 сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, фаъолияти 24 коргоҳ ва иншоот боздошта шудааст.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.