Тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид»

Date:


Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 12 – уми март таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» – ро муҳокима карданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мақсад аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур иҷрои банди 18 Нақшаи чорабиниҳо оид ба тақвият бахшидани раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо барои соли 2011, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 – уми феврали соли 2011 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Дар қонуни мазкур ба 9 моддаи он лоиҳаи тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидааст, ки ҷиҳати мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ва моликияти зеҳнии ҳуҷҷати Созмони умумиҷаҳонии савдо, яъне махфӣ нигоҳ доштани маълумоти зарурӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ мебошад.

Дар Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрии ӯ бо геологҳои кишвар моҳи декабри соли гузашта садо дод, аз ин ба баъд Рӯзи геологҳо, ки қаблан ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи дуюми моҳи апрел таҷлил мегардид,  акнун рӯзи 9-уми декабр ҷашн гирифта мешавад

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи он воридгардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...