Мусоидати Чин ба рушди имконоти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Салиби сурхи Чин рӯзи 12-уми марти соли 2012 дар шаҳри Бейҷинг, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин, зери як созишномаи ҳамкориҳои дӯстона имзо гузоштанд. Тавре аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд, созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дабири кулли он Зафар Муҳаббатов ва аз ҷониби Салиби Сурхи Чин муовини […]

ASIA-Plus


Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Салиби сурхи Чин рӯзи 12-уми марти соли 2012 дар шаҳри Бейҷинг, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин, зери як созишномаи ҳамкориҳои дӯстона имзо гузоштанд.

Тавре аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд, созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дабири кулли он Зафар Муҳаббатов ва аз ҷониби Салиби Сурхи Чин муовини президенти он хонум Ҳао Лина имзо карданд.

Ҳадаф аз ин Созишномаи Ҳамкориҳои Дӯстона таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Чин мебошад. Ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, то ҳамкориҳои худро дар самтҳои табодули иттилоот ва мусоидат ба ҳамдигар, таҷриба ва таҳкими тамосҳо, рушди иқтидор ва тавоноӣ, ироаи таҷҳизот ва маводи башардӯстона ва омӯзиши имкони роҳандозии барномаҳои муштарак бидиҳанд:

Зафар Муҳаббатов, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, мегӯяд, “созишномаи мазкур қадами нахуст дар ҳамкориҳо миёни ду Ҷамъият мебошад. Бо ин созишнома ҳар ду ҷониб табодули пайвастаи иттилоотро ҷиҳати таҳкими ҳамоҳангӣ ва мусоидат ба ҳамдигар ба роҳ мегзоранд, тавассути давраҳои омӯзишӣ ва сафарҳои омӯзишӣ ҳамдигарфаҳмиро таҳким мебахшанд, Салиби Сурхи Чин дар тақвияти иқтидори Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар самтҳои омодагӣ ба офатҳо ва ироаи ёрӣ ба зарардидагон кӯмак мерасонад ва ғайра”.

Созишномаи мазкур дар чаҳорчӯбаи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо шудааст. Ҳайати Тоҷикистон аз раҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари кишвар ва Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар ҷумҳурӣ иборат аст. Дар дидорҳо бо раҳбарияти Салиби Сурхи Чин имкони роҳандозии барномаҳои муштарак оид ба омодагӣ ба офатҳо, ироаи ёрӣ ба зарардидагон, ҷилавгирӣ аз густариши ВИЧ СПИД ва ғайра баррасӣ гардид.  

Эрик Мишел Селйе, раҳбари Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд, “ҳамкориҳо бо Салиби Сурхи Чин дари нави имкониятро барои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати густариши фаъолиятҳояш ва тақвияти иқтидораш боз мекунад. ФБҶ СС ва ҲА, дар навбати худ, ҳамеша омода аст, то ба Ҷамъияти миллӣ дар ҷустуҷӯи имкониятҳои нави ёрӣ ба ниёзмандон ва таҳкими тавоноӣ ёрӣ бидиҳад”.

Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, аз як бунгоҳи ёрии изтирории Салиби Сурхи Чин дар Бейҷинг, баъзе аз созмонҳои ибтидоии ин Ҷамъият, ва бахши Салиби Сурхи Чин дар Шинҷон дидан мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.