Идомаи ҳалли масъалаи иҷозати намози ҷумъа дар масҷиди Тӯраҷонзодаҳо

Масъалаи иҷозати гузоридани намози ҷумъа дар масҷиди оилаи бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар ноҳияи Ваҳдат мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Дар ин бора ба имомхатиби нави масҷиди «Муҳаммадия» Вайсиддин Қурбонов аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ мактуб расидааст. Да суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» имомхатиб Вайсидин гуфт, рӯзи 12-уми март ӯ ба Кумитаи умури дин даъват […]

Меҳрангез Турсунзода


Масъалаи иҷозати гузоридани намози ҷумъа дар масҷиди оилаи бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар ноҳияи Ваҳдат мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Дар ин бора ба имомхатиби нави масҷиди «Муҳаммадия» Вайсиддин Қурбонов аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ мактуб расидааст.

Да суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» имомхатиб Вайсидин гуфт, рӯзи 12-уми март ӯ ба Кумитаи умури дин даъват шуда, дар он ҷо ба ӯ мактубе супоридаанд. «Дар мактуб гуфта мешавад, ҳалли масъалаи масҷиди «Муҳаммадия» айни замон ғайриимкон аст, чунки имомхатиби пешина эшони Нуриддин Тӯраҷонзода қарори кумита дар бораи маҳдуд кардани фаъолияти масҷид ҳамчун масҷиди намози ҷумъаро сарфи назар кардааст. Дар мактуб ҳамчунин зикр мегардад, ки қарор дар ин бора пас аз як ҳафта қабул хоҳад шуд», – гуфт имомхатиб.

Интизор мерафт, ки кумита қарор дар бораи фаъолияти минбаъдаи масҷиди «Муҳаммадия»-ро бояд рӯзи 13-уми март қабул мекард. Айни замон масҷид ҳамчун масҷиди намози панҷгона фаъолият мекунад.

Ба эътиқоди Вайсиддин Қурбонов, эшони Нуриддин низ аз Кумитаи умури дин огоҳӣ гирифтааст. «Гузашта аз ин, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо номае ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, гӯё дар он изҳор кардаанд, ки дар Ваҳдат якчанд масҷидҳо барои гузаронидани намози ҷумъа иҷозат гирифтанд ва бинобар он, дигар ба баргардонидани мақоми масҷиди намози ҷумъа ба масҷиди «Муҳаммадия» зарурате нест», – мегӯяд вай.

Ёдрас мекунем, ки пас аз муттаҳам кардани бародарон Тӯраҷонзодаҳо ба баргузории маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа, гузаронидани намози ҷумъа дар ин масҷид мувакқатан манъ карда шуд. Баъдтар 19 масҷиди Ваҳдат ба баргузории намози ҷумъа иҷозат гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи умури дин гуфтаҳои имомхатиб В.Қурбоновро рад сохта, изҳор карданд, ки мактуб ба имомхатиб фиристода шудааст, вале касе ӯро ба кумита даъват накардааст. «Дар мактуби мо зикр гардид, ки қарор дар бораи фаъолияти минбаъдаи масҷиди «Муҳаммадия» пас аз ҳафт рӯз қабул хоҳад шуд. Дигар чизи зиёдатие дар он мактуб вуҷуд надошт», – гуфт як манбаъ дар кумита.

Қаблан дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода изҳор карда буд, ки муассисони масҷид нияти қатъи фаъолияти онро надоранд.

«Ҳукуматдорон фаъолияти масҷиди моро ҳамчун масҷиди ҷомеъ муваққатан боздоштанд ва акнун бояд бигӯянд, ки масҷид метавонад минбаъд ҳамчун масҷиди ҷомеъ фаъолият намояд ё на. Масҷид танҳо бо қарори суд ё муассисони он баста мешавад ва ҳукуматдорон бояд ба мо бигӯянд, ки ё шумо ба фаъолиятатон идома бидиҳед, ё онро бояд бо қарори суд бубандед», – гуфт Тӯраҷонзода.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.