Рӯзҳои ҷашни Наврӯз лимити барқ тағйир намеёбад

Реҷаи таъминот бо барқ дар давоми шаш рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон тағйир дода намешавад. Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», сардиҳои рӯзҳои охир боиси боз ҳам зиёдтар хароҷот шудани захираҳои энергетикии  кишвар, аз ҷумла оби обанбори Норак гардида, дар рӯзи 20 март сатҳи обанбор дар нуқтаи 861,05 метр қарор дорад ва то нуқтаи […]

Аваз Юлдошев


Реҷаи таъминот бо барқ дар давоми шаш рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон тағйир дода намешавад.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», сардиҳои рӯзҳои охир боиси боз ҳам зиёдтар хароҷот шудани захираҳои энергетикии  кишвар, аз ҷумла оби обанбори Норак гардида, дар рӯзи 20 март сатҳи обанбор дар нуқтаи 861,05 метр қарор дорад ва то нуқтаи ниҳоии  техникӣ 4,05 метр об боқӣ мондааст.

Ба иттилои манбаъ, пешгӯии обуҳавосанҷон низ дар бораи вазъи обу ҳаво дар рӯзҳои боқимондаи моҳи март ва ибтидои апрел тасаллобахш нестанд.

«Аз ин рӯ, Маркази танзими барқи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба хулосае омад, ки ширкат дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯз наметавонад, ки ба реҷаи таъминоти барқ тағйирот ворид намояд», – гуфтанд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки бо сабаби  нобаҳангом  паст шудани ҳарорати ҳаво ва кам гаштани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш, ки воситаи асосии таъминоти барқи кишвар аст, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар миқёси мамлакат  коҳиш ёфта, реҷаи маҳдуди истифодаи барқ шадидтар карда шуд. Айни замон бинобар шадид гардидани реҷаи интиқоли барқ, аксари маҳаллаҳои аҳолинишини манотиқи кишвар ҳамагӣ 3-4 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъминанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.