Оғози фаъолияти боз як шабакаи нави радио дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд шабакаи нави радиои «Пайванд» ба пахши озмоишии барномаҳо дар диапазони FM оғоз кард. Шабакаи радиои мазкур аз ҷониби ширкати телевизиону радиои «СМ-1»-и шаҳри Хуҷанд, ки сар аз соли 1998 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ фаъолият дорад, таъсис дода шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ҶСК Ширкати телевизиону радиои «СМ-1» Акрам Ӯрунов иттилоъ дод, […]

Парвина Азизова


Дар шаҳри Хуҷанд шабакаи нави радиои «Пайванд» ба пахши озмоишии барномаҳо дар диапазони FM оғоз кард. Шабакаи радиои мазкур аз ҷониби ширкати телевизиону радиои «СМ-1»-и шаҳри Хуҷанд, ки сар аз соли 1998 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ фаъолият дорад, таъсис дода шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ҶСК Ширкати телевизиону радиои «СМ-1» Акрам Ӯрунов иттилоъ дод, айни замон корҳои омодагӣ идома дошта, мавҷафкани радио дар басомади 100,6 FM мавриди озмоиш қарор мегирад.

«Шумори умумии коргарони радиои мазкур 15-20 нафарро ташкил дода, ҳайати асосии эҷодкор аз ҳисоби журналистони корозмудаи студияи телевизиони «СМ-1» интихоб карда хоҳад шуд. Ҳамзамон тибқи озмун журналистони ҷавони болаёқат низ ба кор қабул гардида, баҳри омӯзиши ҳайати кормандон даъвати мутахассисони хориҷӣ дар назар аст», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 16-уми апрел – санаи таҷлили ҷашни 14-умин солгарди оғози пахши барномаҳои шабакаи телевизиону радиои «СМ-1» пахши баронмаҳои шабакаи радиои «Пайванд» шуруъ мегарданд.

Дар радиои «Пайванд» пахши барномаҳои иттилоотиву фароғатӣ, иқтисодиву сиёсӣ ва ҷамъиятиву фарҳангӣ бо ду забон пешбинӣ шудааст. Айни замон барномаҳои ин радиоро ҳамчунин метавон дар шаҳру ноҳияҳои наздики Хуҷанд низ қабул кард.

Ёдрас мекунем, ки ин шабакаи панҷуми радиоӣ дар шаҳри Хуҷанд аст, ки барномаҳои худро тавассути диапазони FM пахш мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.