Аврупоиён бо низоми миллии омори Тоҷикистон шинос шуданд

Дар Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ташрифи нахустин оид ба арзёбии глобалии низоми миллии омор дар ҳайати намояндагони Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ – ҷаноби Габриел Гамес ва хонум Зейнеп Орхун, аз Омори Аврупо – хонум Сив-Ирен Педерсен ва Ташкилот савдои озоди Аврупо – хонум Андреа Шеллер ва ҷаноби Хайнич Брюнгер баргузор гардид. Тавре аз Агентии […]

ASIA-Plus


Дар Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ташрифи нахустин оид ба арзёбии глобалии низоми миллии омор дар ҳайати намояндагони Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ – ҷаноби Габриел Гамес ва хонум Зейнеп Орхун, аз Омори Аврупо – хонум Сив-Ирен Педерсен ва Ташкилот савдои озоди Аврупо – хонум Андреа Шеллер ва ҷаноби Хайнич Брюнгер баргузор гардид.

Тавре аз Агентии омори ҷумҳурӣ хабар доданд, мақсади асосии ташриф аз баҳодиҳии сатҳи мувофиқати низоми миллии омор ба стандарт байналмилалӣ ва аврупоии қабулшуда, бодарназардошти принсипҳои фундаменталии омори расмӣ ва кодекси меъёрҳои омори аврупоӣ иборат буд.

Баъди вохӯрӣ бо роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбатҳо бо сардорон ва мутахассисони раёсатҳои соҳавӣ, якҷоя бо Маркази кулли ҳисоббарорӣ сурат гирифт. Масъалаҳои қонунгузорӣ, сохтори идоракунӣ, роҳбарият, банақшагирӣ ва барномарезӣ, усулҳои ташкили кор ва воситаҳои корӣ, захираҳои инсонӣ, тафсири сарчашмаҳои асосии иттилоот (маълумотҳои маъмурӣ, баҳисобгирии сартосарӣ ва ё интихобӣ), ҳамчунин усулҳои коркарди маълумотҳо, усулҳои идоракунӣ вобаста ба меҳнат намудани сифати маълумотҳо, усулҳои назорати сифат ва ҳифзи маълумотҳо, ҷамъоварӣ, коркарди ва таҳлили маълумотҳои ҳамаи соҳаҳо, паҳн намудани маълумотҳо/раванди пешниҳоди маълумотҳо, муносибат бо истифодабарандагони асосӣ ва ғайраҳо баррасӣ шуданд.

Ғайр аз он, вохӯрӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ки маълумотҳои омориро ташаккул медиҳанд, гузаронида шуд: вазоратҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Бонки миллӣ, хадамоти гумрук.

 Ҳайати намояндагони арзёбии глобалӣ якҷоя бо мутахассисони Агентии омор аз раёсатҳои омори шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода дидан карда, бо тартиби иҷрои барномаи корҳои оморӣ, муносибат бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, проблема ва вазифаҳои мақомоти омори маҳаллӣ шинос шуданд.

Дар вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба табодули иттилоот ва муносибатҳо бо Агентии омор сурати гирифт, ҳамчунин оид ба сатҳи боварӣ дар муносибат бо омор расмӣ гуфтугӯи озод барпо шуд.

 Вохӯри ва баррасии масъалаҳо дар бораи нақши омор дар мониторинги барномаҳои баланд бардоштани малака, лоиҳаҳои ҷорӣ ва минбаъдаи ҳамкориҳои техникӣ дар ҷодаи омор бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалии маҳалӣ ва минтақавӣ: Хазинаи нуфуси СММ, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, ЮНИСЕФ ва Бонки рушди Осиё сурат гирифт.

Ҳисоботи пешакӣ оид ба Арзёбии Глобалии низоми миллии омор аз ҷониби коршиносон ҳангоми ташрифи навбатии онҳо, ки моҳи июли соли 2012 сурат мегирад, пешниҳод карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.