Тоҷикистон ба сафи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳӣ шомил шуд

Маҷаллаи бритонии сайёҳии «Вандерлост» (Wаnderlust tourist magazine) феҳристи тозаи «Кишварҳои барои сайёҳӣ ҷолибатарини ҷаҳон»-ро интишор кард, ки дар он Тоҷикистон мақоми чорумро ишғол намуд. Чуноне муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Лочин Файзуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, кишварҳои барои сайёҳӣ ҷолибтарини ҷаҳон тавассути овоздиҳии хонандагони маҷалла интихоб шудаанд. «Бино ба […]

ASIA-Plus


Маҷаллаи бритонии сайёҳии «Вандерлост» (Wаnderlust tourist magazine) феҳристи тозаи «Кишварҳои барои сайёҳӣ ҷолибатарини ҷаҳон»-ро интишор кард, ки дар он Тоҷикистон мақоми чорумро ишғол намуд.

Чуноне муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Лочин Файзуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, кишварҳои барои сайёҳӣ ҷолибтарини ҷаҳон тавассути овоздиҳии хонандагони маҷалла интихоб шудаанд.

«Бино ба мулоҳизаву таассуроти сайёҳон, Тоҷикистон барои таҷрибаандӯзӣ дар бахши сайёҳӣ шароити мусоид дошта, дар он ҷо метавон аз табиати зебо ва қуллаҳои осмонбӯс ҳаловат бурд», – гуфт як коршиноси масъули бахши рушди сайёҳии кумита.

Қобили зикр аст, ки маҷаллаи «Вандерлост» рӯйхати даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳиро аз рӯйи номинатсияҳои «Кишвари беҳтарин», «Шаҳри беҳтарин», «Кишвари ҷолибтарин», «Ширкати беҳтарини сайёҳӣ» ва «Фурудгоҳи байнулмилалии беҳтарин» ба чоп расонд.

Соли 2012 дар номинатсияи «Кишвари беҳтарин» мақоми аввалро Ҷопон касб намуда, шаҳри Луанг Прабани Лаос «Шаҳри беҳтарин» дониста шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта 183 ҳазор нафар сайёҳон аз Тоҷикистон боздид карданд. Ин шумор нисбат ба соли 2010 23 ҳазор нафар зиёдтар аст. Соли гузашта дар Тоҷикистон сайёҳони давлатҳои Эрон, Афғонистон, Русия, ИМА, Чин, Туркия, Олмон, Ҷопон, Фаронса ва Кореяи Шимолӣ ҳузур дошта, ҳар як сайёҳ ба ҳисоби миёна ҳамарӯза то 500 доллари ИМА хароҷот мекард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.