Коҳиши маъруфияти Facebook дар Тоҷикистон

Ҳафтаи ахир шумори корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон 2 ҳазор нафар коҳиш ёфт. Айни замон шумори корбарони тоҷикистонии шабакаи мазкур 32 ҳазору 280 нафарро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин шумор санаи 13-уми марти соли равон ба 34 ҳазору 640 нафар мерасид. Бино ба маълумоти портали Socialbakers.com, 32 ҳазору 280 нафар […]

Меҳрангез Турсунзода


Ҳафтаи ахир шумори корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон 2 ҳазор нафар коҳиш ёфт.

Айни замон шумори корбарони тоҷикистонии шабакаи мазкур 32 ҳазору 280 нафарро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин шумор санаи 13-уми марти соли равон ба 34 ҳазору 640 нафар мерасид.

Бино ба маълумоти портали Socialbakers.com, 32 ҳазору 280 нафар корбари шабака ба 0,43%-и шумори умумии аҳолӣ ё худ 4,61%-и шумори умумии истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон баробар аст.

Тоҷикистон феълан аз рӯйи шумори истифодабарандагони Facebook дар ҷаҳон зинаи 171-умро ишғол менамояд.

Мардон 70%-и миқдори истифодабарандагони Facebook дар Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин, 37%-и истифодабарандагони шабакаи Facebook аз Тоҷикистонро ҷавонони синнусоли аз 18 то 24-сола, 32%-ро афроди синусоли аз 25 то 34-сола, 13%-ро муштариёни аз 35 то 44 сола, 6%-ро шахсони аз 45 то 54-сола ва ҳамагӣ 1%-ро истифодабарандагони синнусоли аз 55 то 64-сола ташкил медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки  рӯзи 3-юми марти соли равон дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои facebook.com, zvezda.ru, tjknews.com, maxala.org и cenrtrasia.ru. баста шуд. Бино ба маълумоти як қатор дастраскунандагони интернет, ба онҳо мактуби расмии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар ин хусус рӯзи 5-уми март расидааст, вале рӯзи 3-юми март дар ин бора супориши шифоҳӣ дода шуда будааст.

Баъди як ҳафта, рӯзи 9-уми март бо иҷозати Хадамоти алоқа дастрасӣ ба шабакаи маъруфи иҷтимоии интернетии Facebook дар Тоҷикистон барқарор карда шуд. Дар супориш дастрасӣ танҳо ба шабакаи Facebook иҷозат дода шуд, дастрасӣ ба интернет-порталҳои боқимондаи зикршуда то ҳанӯз баста аст.

Дар ҳамин ҳол, пас аз 10 рӯзи барқарор шудани дастрасӣ ба ин шабака, шумори истифодабарандагони Facebook аз Тоҷикистон 5 ҳазор нафар зиёд шуда буд. Ба ҳисоби миёна ҳамарӯза ба ин шабака то 500 нафар тоҷикистониён номнавис мешуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.