Осеби 25 хонавода аз офати табиӣ дар ноҳияи Балҷувон

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бар асари офати табиӣ 25 хонавода осеб дида, ҳамчунин ба чоҳи нафту газ низ зарар расонида шуд. Чуноне аз Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, рӯзи 10-уми апрел бар асари боришоти зиёд оби дарёҳои Сурхоб ва Оби Мазор аз соҳил баромада, дар натиҷа манзили 25 хонавода […]

Наргис Ҳамробоева


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бар асари офати табиӣ 25 хонавода осеб дида, ҳамчунин ба чоҳи нафту газ низ зарар расонида шуд.

Чуноне аз Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, рӯзи 10-уми апрел бар асари боришоти зиёд оби дарёҳои Сурхоб ва Оби Мазор аз соҳил баромада, дар натиҷа манзили 25 хонавода дар деҳоти Куҳнабалҷувон ва Калатачанори ноҳияи Балҷувон зери об мондаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мавзеъ аз офати табиӣ ҳамчунин чоҳи нафту гази №94 ва як қатор биноҳои куҳна хисорот бардоштаанд.

Айни замон дар макони офат мутахассисони ситоди маҳаллӣ машғули коранд. Ҳаҷми зарар мавриди санҷиш қарор дошта, ҳеҷ яке аз сокинони маҳаллӣ осеб надидаанд.

Худи ҳамин рӯз бар асари боришоти шадид дар ноҳияи Ҳисор сел омада, роҳҳои мошингард ба деҳаҳои Арбобӣ, Қипчоқ, Чангобӣ ва Ҳаитӣ баста шуданд. «Айни замон оқибатҳои сел бартараф гардида, роҳҳои мошингард боз шуданд», – афзуданд дар КҲФ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.