Омодагирӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба дар вилояти Суғд

Дар бораи таҷлили ҷашни 67-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба имзо расид. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, тибқи қарори мазкур,  бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон  ва тарбия намудани наслҳои ҷавон  дар рӯҳияи ватандӯстӣ  санаи […]

ASIA-Plus


Дар бораи таҷлили ҷашни 67-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба имзо расид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, тибқи қарори мазкур,  бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон  ва тарбия намудани наслҳои ҷавон  дар рӯҳияи ватандӯстӣ  санаи 9 майи соли 2012  67 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар қаламрави вилояти Суғд ботантана таҷлил карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳайъати  кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар он  оро додани шаҳру деҳоти вилоят бо шиору овезаҳо, аёдати  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони барҷомонда ва оилаҳои сарбозони ҳалокгашта, ташкили вохӯриву мулоқотҳо бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баргузор намудани ҳашарҳо  дар оромгоҳҳо, муҷассамаҳои ба хотири шаҳидони ҷанг гузошташуда, гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир», ташкили мусобиқаҳои варзишӣ  ба муносибати Иди Ғалаба ва таҷлили ботантанаи  ҷашн дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.